Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 1040

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дустони азиз! сабаби қалам ба даст гирифта дар бораи издивоҷи Паёмбар бо Оиша навиштанам дар ин аст, ки дар сомонаи мо як савол аз тарафи бародаре омадааст, ки мазмуни он чунин аст."дар ҳадиси Бухори хондам дар бораи ҳазрати Оиша. дар онҷо гуфта шудааст, ки Пайгамбари Худо (сас) Оишаро дар сини 9 солагӣ ба зани гирифт. Метавонед фаҳмонед барои чи инкадар ёш, издивоҷ бо кудак Шумо хубтар медонед, ки мумкин нест. Чунки ҳам аз ҷихати ҷинси ва ҳам аз ҷиҳати акл инкишоф наёфта буданд (ҳазрати Оиша)" Душманони ислом хусусан насрониҳои ғарбӣ барои сумъат ва обурӯи исломро аз байн бурдан ин иттиҳомотро бар Паёмбари Худо зиёд мезананд. Онҳо ба ин роҳ мехоҳанд дар дили пайравони ин дин шакку шубҳаҳоро ҷой кунанд, ки Паёмбари ин дин - марди шаҳвоние буд. Бинобар ҳамин бо духтари 9 сола издивоҷ кард.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар бораи шахсе, ки моҳи рамазонро беягон узри шаръи тарк мекунад ва онро рӯза намегирад суханрони карда ҳукми ӯро бо зикри азобҳои ваъдашуда барояш баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар мавзуъи суҳур ва вақти он, ва ҳикмат аз дер хурдани он, ва инчунин дар мавзуъи фазлу савоби ифтор додани дигарон суханрони мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар боби закоти фитр, ва вақти адо карданаш ва миқдораш, ва мустаҳиқи он ва бар ки воҷиб аст, ва ҳикмат аз адо карданаш чи аст, суханрони мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бародари азизам хоҳари гиромиқадрам! Инҳо баъзе амалҳои солеҳе ҳастанд ки ба ҷо оварданашон дар моҳи Рамазон таъкид шудааст. 1- Рузадори 2- Қиёми лайл (Шаб зиндадори) 3- Садақа 4- Қурон хондан 5-Нишастан дар масҷид то баромадани офтоб 6- Эътикоф 7- Умра дар Рамазон 8- Пайгири аз шаби Қадр 9- Зиёд намудани зикри Худованд ва талаби дуъо ва мағфират кардан аз У.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Вақтеки хоҳарони азизи мо барои анҷом додани аъмоли нек ва кушиш дар итоати Худо ва фурсат донистани вақт дар ризогии Худо ҳарис ҳастанд баъзе аз онон нисбат ба баъзе аз аҳком дар мавриди дини Худо ва суннати Пайғамбараш худро ба ҷаҳолат мезананд. Ба муносибати даромадани моҳи шарифи рамазон, ки моҳи шитоб кардан ва сабқат гирифтан дар аъмоли нек аст хостем, ки ин рисоларо ки гушае аз китоби " Аснофу-н-нисо фи рамазон" аз шайх Муҳаммад Муснад аст таҳия кунем, то ин ки хоҳарони мусалмон аз ин фойдаҳо баҳраманд шаванд ва бо илму огоҳи дар итоати Худо кушиш кунанд. Ва намехоҳем чунонеки саҳобии ҷалил Абдуллоҳ ибни Масъуд фармуданд: "Ва бисёри касоне ҳастанд ки иродаи хайр доранд вале ба он даст намеёбанд" аз дастраси ба хайр маҳрум гардед.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Рӯзадорӣ фоидаҳои ҷисми ва руҳии фаровоне дорад, шифобахши ҷисм ва тавонбахши ҷон аст, пок кунандаи инсон аз тамоми палидиҳои ҳайвони аст, ва дар сохтани фарди солеҳ ва муҷтамаъи ба сомон бисёр муаcсир мебошад. Аз ҷумлаи фоидаҳои рӯзадори аз нигоҳи тиб дар ҷисми инсон аст, мисли меъдаи инсон ки аз пуркортар аъзои ҷисми инсон аст, ва тақрибан дар ҳама соатҳо машғул ба кор кардан аст, ҳарончизе ки инсон мехураду менушад меъда ба ҳазму таҳлил ва ҷазбу дафъи он соъатҳои дароз машғул аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Суол: Бо чи чиз дохил шудани моҳи Рамазон исбот мешавад? ва моҳро чи гуна шинохта мешавад?

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар боби тавба, ва тавбаи насуҳ, ва шартҳои он суханрони мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоби "Тарбияти фарзандон" дар мавзуи тарбияти фарзанд муфид ва баёнкунандаи ҳуқуқи фарзанд ва падару модар насбати фарзанд мебошад, ва муаллиф дар таълифи китобаш аз оятҳои Қурони ва ҳадисҳои Набави истифода бурдааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ба номи онки зебосту дӯстдори зебоӣ! Ҳиҷоб чист, аз куҷо ва кай пайдо шудааст? Оё дар динҳои пеш аз исломӣ, ҳиҷоб вуҷуд доштааст ё не? Ҷойгоҳи он дар он динҳо ва ҷомеаҳои ғайри исломӣ чигуна буда ва ҳаст? Ҷойгоҳ ва ҳукми ҳиҷоб дар ислом чист? Ин мавзӯоте ҳастанд, ки дар ин мақола ба онҳо мепардозем ва кӯшиш ба он мекунем, ки ҷанбаҳои норавшани ин мавзӯъро барои хонандаи нуктасанҷ равшан намоем.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Баъд аз анҷоми ҳар тоату ибодате чӣ рӯзаву намоз, ҳаҷҷу умра, садақа ё амали солеҳи дигаре ҳамаи мо сухани Алӣ (р)-ро такрор менамоем, ки фармуд: "Эй кош, қабул мегашту табрикаш мегуфтем ва ба маҳрумгашта таъзият мефиристодем". Инчунин баъд аз ҳар ибодате гуфтаи Ибни Масъуд (р)-ро ба кор мебарем, ки мефармояд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нрурдин дар ин навор дар бораи аҳкоми ҳиҷоб мавъиза мекунад. Ва баён мекунад ки барoи ҳар як зани мусалмон пушидани ҳиҷоб фарз аст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нрурдин дар ин навор дар бораи одати моҳонаи занҳо ва аҳкоми он, ва сабаби пайдоиши он, ва муддатaш ки чанд рӯз аст, ва агар зан вақто, ки ин одатро бинад бар вай чи воҷиб мешавад ва аз кадом корҳо бояд боз истад, мавъиза мекунад. Ва барои тамоми хоҳарон ва модарони азиз тавсия мекунем ин наворро гуш кунанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи дӯстдоштани Паёмбари Худо (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мавъиза мекунад, муҳабати мо нисбати Паёмбари Худо бояд чигуна бошад, оё муҳаббати Паёмбар сабаби наҷоти мо мешавад? Оятҳо ва ҳадисҳои воридшуда дар мавзуи муҳаббати Паёмбари Худо бо зикри баъзе аз қиссаҳои муҳаббати саҳобагон нисбати расули Худо.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дини Ислом ба унвони бузургтарин дини ахлоқ аст, ки тамоми ҳолоти мусулмононро аз бузургу кӯчак дар назар мегирад ва ба тамоми ҷанбаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ эҳтимом меварзад. Расули Акрам (саллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: "Ҳамоно ман мабъус шудам, то тамомкунандаи беҳтарин ахлоқро бошам". (Имом Аҳмад).

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Мафҳуми саъодат ва маънои онро фаҳмидан яке аз матолиби муҳими ҳар як фард ва муҷтамаъи инсоният ба шумор меравад, ва яке аз саволҳои муҳим дар зиндагии инсон аст ки: Саъодат чист? Саъид ва хушбахт кист? Саъодати воқеъи дар чист? Ва чигуна инсон метавонад саъодати воқеиро пайдо кунад?

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Чипта: Танҳо ба як самт (чиптаи бозгашт нест). Нарх: Ройгон (бепул). Ҷойи махсус: Ҷудо ва тасдиқ шудааст. Маълумоте дар бораи мусофир. Ном. Насаб. Номи падар: Ҳама фарзандони Одам (а). Таркибаш: Хок. Суроға: Сайёраи Замин. ШАРТҲОИ САФАР Нуқтаи равонашавӣ: Ҳаёти дунявӣ. Нуқтаи охирин: Ҳаёти беохир. Транзит: Меҳмонхона - 2 метр зери замин (танҳо барои як шахс). Муддати парвоз: Номаълум.