Китобҳои ихтиёршуда барои чоп

Теъдоди матолиб: 26

  • PDF

    Китобчаи мухтасаре ки омилҳои устуворӣ ва пойдори дар динро ки барои ҳар як мусулмон матлабӣ асоси аст, муъаррифи ва баён мекунад.

  • PDF

    Бидонед, ки ба ростӣ Ислом ҳамон Суннат ва Суннат ҳамон Ислом аст, яке аз ин ду бедигарияш қоим намешавад. Пас, аз ҷумлаи суннат лозим гирифтани ҷамоъат аст, пас касе аз ҷамоъат (яъне ҷамоъати мусалмонон) рӯй гардонаду ҷудо шавад, ба ростӣ ресмони Исломро аз гарданаш кашида аст ва гумроҳу гумроҳкунанда мебошад.

  • PDF

    Китоб нақши маънавии ибодат ва бандагии Худоро дар такомули рўҳӣ ва бинои шахсияти инсон мавриди таъкид қарор дода, аҳкоми ибодатҳо ва ҳолатҳои шахсӣ ва хонаводагиро бар асоси бузургтарин мактаби фиқҳӣ дар ислом мазҳаби ҳанафӣ баррасӣ ва пешкаши хонанда менамояд.

  • PDF

    Муъаллифи китоб маҷмуъае аз мушкилиҳо ва таноқузоти мазҳаби шиъаи дувоздаҳимомаро ҷамъовари намуда, хитоб ба сӯи ҷавонону оқилони шиъа намудааст, то ин мушкилиҳо ва таноқузотро ҳал намоянд.

  • PDF

    Китоб ҷанбаи омӯзишӣ ва тарбиявӣ дошта, бо шеваи нав омода гардидааст. Он аслан барои худомӯзии алифбои арабӣ пешбинӣ шуда ва ҳамзамон барои ғановати фикрии хонанда дар бахши дуюм ба тарҷима ва баёни хулосаи бистуяк сураи охири Қуръон пардохта, бахши сеюм ва чоруми онро бо омӯзаҳои имонӣ ва матолибӣ маънавӣ пурбор намудем. Китоб барои доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони фарҳанг ва тамаддуни мсломӣ тақдим мегардад.

  • PDF

    Тамоми уламои уммати исломи бар ин иҷмоъ ва иттифоқ намудаанд, ки масдари дуввуми шариъати Ислом Суннати набавӣ мебошад ва он бо масдари аввал (Қуръони карим) тавъам дар тавзеҳ ва такмили қавонини исломӣ нақши муассирро ифо менамояд. "...Бинобар ин, вақте банда китоби ҳозир “Омўзиши ҳадис”-ро дидам, ҳарчанд он муъҷаз ва мухтасар бошад ҳам, вале як гоме ба ҳадисомўзӣ ва бардошти маъонӣ ва аҳкоми аҳодис маҳсуб мегардад ва метавонад дари ҳадисшиносиро ба рўи донишҷўи улуми Ислом боз намояд..." (Мутарҷим)

  • PDF

    Сӯҳбати мо дар бораи чаҳорумин ва охирин халифаҳои рошидин ва яке аз даҳнафараи башорат додашуда ба ҷаннат ва аввалин мусалмон аз хурдсолон ва наздиктарини насаб ба паёмбар (с) аз халифаҳои рошидин буд ва домоди паёмбар (с) шавҳари ҳазрати Фотима, (р) Абулҳасан Алӣ ибни Абутолиб (р) мебошад. Ҳазрати Алӣ (р) дар миёни саҳобаҳо яке аз уламои машҳуру ботақво ва дар майдони ҷанг яке аз қаҳрамонону далерони майдон ба ҳисоб мерафт. Ӯ парчамбардори рӯзи хайбар буд ва шамшераш ҳамавақт барои одоб додани душманони ислом ва гирифтани ҳаққи заъифон омода буд.

  • PDF

    Хулафои рошидин китоби мухтасаре аст, ки барои хонандагон гиромӣ зинагонии мухтасари халифаҳо:Абубукр, Умар, Усмон,Али – худованд аз онҳо розӣ бод- ро тақдим мекунад.

  • PDF

    Китоби "Нишонаҳои Қиёмат (бо ривояти аҳли суннат) баён кунандаи аломатҳои рӯзи қиёмат, ки дар аҳодиси набави омадааст мебошад. Муаллифи китоб ҳама аломатҳои суғро ва кубро-ро, ки дар ҳадисҳои Расули худо (с) омадааст бо шарҳи онҳо зикр намудааст.

  • PDF

    Ин рисола, ки даврони зиндагонии паёмбари ислом (с)-ро мухтасаран баён мекунад, махсусан барои ба покизагии ахлоқ, рафтори наку дар оила ва ҷамъият, ҳозир будан дар кумаки ҳоҷатмандон, тарғибу ташвиқ дар илмомузӣ даъват намудани ҷавонон дастури хубест.

  • PDF

    Паноҳгоҳи мусалмон: Нависандаи ин китоб шайх Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳаф ал-Қаҳтонӣ –Худованд дар ҳифзи худаш нигоҳаш дорад- мебошад, яке аз беҳтарин китобҳои зикрҳои рӯзу шаб дар ҳаёти мусалмон ба ҳисоб меравад, ва бо фазли Худованд ин китоб ба бисёре аз забонҳо тарҷума шудааст, ва кушиш кардем ки ҳамаи ин тарҷумаҳоро дар як саҳифа ҷамъ биоварем, ва зери назорат ва роҳбарии муаллиф забонҳои боқимондаро тарҷума кунем.

  • PDF

    Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.

  • PDF

    Китоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.

  • PDF

    Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.

  • PDF

    Ин китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.

  • PDF

    Закот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.

  • PDF

    Аз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи мавзуъҳои зикршуда инҳоянд: Ашке бар Тавҳид Шиъаҳо ва Қурон Шиҳаъо ва саҳобагон Имомат Никоҳи Мутъа Хумс Имом Маҳди Исмату маъсумият Тақя Ва дигар мавзуъҳо.

  • PDF

    Ин китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.

  • PDF

    Барои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омўзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд... . Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мўҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собити Кўфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд. Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абўҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ў дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷўёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.

  • PDF

    Ин китоб дар бораи рузаи моҳи рамазон ва ҳукмҳои он мебошад, ки муаллифи ин китоб аз баъзе оятҳо ва ҳадисҳои Паёмбари ислом истифода бурда он ҳукмҳое ки ҳар як рузадор эҳтиёҷ ба он дорад баён мекунад, Хдованд мефармояд: "Рўзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар гузаш- тагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозй) намоед».

Саҳифа : 2 - Аз : 1
Назари ту бароямон муҳим аст