Дастабандии илми

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳ Пурдил дар ин навор дар бораи иллатҳои ҳаром гардонидани муҳаррамот суҳбат намуда барои мисол зарар ва наҷосатро зикр кардааст. Баъзе корҳое аст, ки барои зарарнок буданаш бар инсон ҳаром гардидааст ва баъзеи дигар барои наҷис буданаш.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи издивоҷ ва арӯсии исломи суҳбат карда баён мекунад, ки издивоҷ хеле баракатҳои зиёд ва бешуморе дорад, монанди баракат дар зиндагии зану шавҳар, ки ин издивоҷ онҳоро аз корҳои бад ва зино боз медорад ва Худованд онҳоро баракат медиҳад. Ва инчунин муҷтамаъро аз фаҳшо ва зино боз медорад.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Ин навор дар бораи роҳҳои илоҷи мушкилоти оилави, ки байни зану шавҳар рух медиҳад суҳбат карда аз Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) мисолҳо барои ҳалли чунин мушкилот пешниҳод мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Навор дар бораи cамара ва фалсафаҳои издивоҷ суҳбат намуда, ва аз ҷумлаи он самараҳо иффату поки ва зиёд шудани наслро зикр намудааст.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Суханрони дар бораи издивоҷи саҳеҳ ва ҳамсари солиҳа ва тӯйҳои исломӣ ва ғайри исломӣ.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи онки масъулияти як зан бар души чаҳор мард аст, суҳбат карда баён мекунад, ки Худованд дар рӯзи охират ба сабаби як зан чаҳор мардро ба дӯзах ё ба биҳишт равона мекунад, ки он чаҳор мард масъули он зан дар дунё мебошанд.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи алоқа ва ҳамдигар фаҳми байни зану шавҳар суҳбат карда, баён мекунад, ки онҳо такмилкунандаи якдигаранд.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи баъзе мусалмононе суҳбат мекунад, ки вақти арӯси кардан аввал рафта дар назди олиме ва ё муллое никоҳи исломи мекунанд, аммо баъди чунин никоҳи дурусту шаръи туйи худро ба як туйи ғайри исломӣ, ки дар он аз бегоҳ то саҳар рақсу бози ва нӯшидани нӯшобаҳои ҳаром мебошад, мубадал мегардонанд. Инчунин ёдовар мешавад, ки ислом зидди хӯшҳоли ва хурсанди нест, аммо бояд ин хурсанди аз чорчубаи ислом берун набошад.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил баъзе аз мушкилоте, ки миёни зану шавҳар рух медиҳад ва сабаби бадбини ҳамдигар мегардад, зикр карда, барои ҳалли ин мушкилот ва бадбиниҳо чанд насиҳатеро пешкаши бинандагон мегардонад.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор ҳадисеро, ки аз Паёмбари ислом ривоят шудааст дар бораи омилҳое, ки бояд дар асоси онҳо ҷавонон ҳамсари худро интихоб кунанд суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзуъи издивоҷ (хонадорӣ) суҳбат мекунад, ва баён мекунад, ки издивоҷ худ иффат ва покизагист. Писару духтарро аз воқеъ шудан дар зино ва корҳои бад нигоҳ медорад. Ва ҷавононро насиҳат мекунад, ки дар шаби арусиашон бо арақ нушиву ҳофизи ва арусро бо либосҳои нимбараҳна сари саҳна баровардан худдори намоянд, зеро ин амал хилофи шариъат ва покиву иффат аст.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар ин навор дар бораи ҳамсари беҳтарин суҳбат мекунад, ва беҳтарин ҳамсар он касест ки .........