Дастабандии илми

  • MP3

    Дар ин навор дар мавзӯъӣ муҳаббат ва дӯстдории ҳазрати Абубакри сиддиқ нисбати Расули Худо (дуову дуруд бар Ӯ бод) суҳбат мекунад. Ва қиссаҳоеро аз ҳаёт ва зиндагонии Абубакри сиддиқ (р), ки чигуна Паёмбари Худоро дӯст медошт ва барои Ӯ тамоми дороияшро фидо мекард, қисса мекунад.

  • video-shot

    MP4

    Оё ҳазрати Алӣ (р) марди бо ғайрат буд???!!! Ин суоли тааҷуб овараст, бале шояд баъзеҳо гӯянд, ки чаро ин унвонро гузоштаанд, зеро аксари мардуми мусалмон аз шуҷоату далерии ҳазрати Алӣ (Худо аз ӯ рози бод) бохабаранд, вале хоҳиш мекунем ин наворро тамошо кунед, то сирри ин суолро пайдо кунед.

  • video-shot

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор аз таърих ва ҳаёти модарамон Хадиҷа духтари Хувайлид, аввалин ҳамсари паёмбари ислом Муҳаммад(с) суханрони мекунад. Дар ин қисми навор сабабҳои издивоҷаш бо Расули Худо-ро зикр мекунад, ва дар давоми суханрони вафодории паёмбарро нисбати ин ҳамсараш дар зиндаги ва баъди вафоташ ва инки ӯ аввалин ҳамсари паёмбар аст, ки бо лақаби "Уммулмуъмини" лақабгузори шудааст, зикр мекунад.

  • PDF

    Нависанда : Ҳувайдо Абдуллоҳ

    Сирати мухтасари саҳобии бузургвор Усома писари Зайд (р.з), Падари Усома (р), Зайд писари Ҳориса (р.з) аз ҷумлаи аввалин касоне буд, ки дини Исломро пазируфт. Ӯ ғуломи озодкардаи ҳазрати Хадиҷа (р.з) буд.

  • video-shot

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор аз таърих ва ҳаёти модарамон Хадиҷа духтари Хувайлид, аввалин ҳамсари паёмбари ислом Муҳаммад (с) суханрони мекунад. Дар ин қисми навор аз ному насаб ва зиндагии Хадиҷа (р.з) дар замони пеш аз ислом ва чигуна Расули Худо (с) ӯро ба ҳамсари ихтиёр кард, суханрони кардааст.

  • video-shot

    YOUTUBE

    Устод Абдуллоҳи Ҳайдарӣ дар ин навор дар бораи фазлу бузурги ва маконати аҳли байти Паёмбари ислом – Саллалоҳу алайҳи ва салламро-ро, дар дини мубини ислом пешкаши бинандагон мекунад.

  • video-shot

    MP4

    Ваҳдату шафқат ва хешутабори байни саҳоба ва аҳлу байти Паёмбар (с), ва мавқифи саҳоба дар ба ҷой овардани ҳуқуқи аҳли байт.

  • video-shot

    MP4

    Ҷаъфар (р з) чи хидматҳо ва ҷонбозиҳо барои дини Ислом намуд ва чигуна ба шаҳодат расид.

  • PDF

    Нависанда : Ҳувайдо Абдуллоҳ

    Оиша (р.з) мегӯяд, ки дар Бани Ашҳал се нафар буданд, ки касе аз онҳо дар фазлу бузургӣ бартарӣ надошт. Эшон; Саъд писари Маъоз, Усайд писари Ҳузайр ва Ибод писари Башар (р.з) буданд.

  • video-shot

    JPG

    Дар ин овеза баёни насаби Зайд ибни Умар ибни Хаттобро (р.ҳ) мебини. Ӯ писари халифаи бузургвор Умар ибни Хаттоб (р.з) аст ва падарбузурги модарияш Али ибни Абитолиб (р.з) аст. Ин хешованди собиткунандаи алоқаи хубу самимии ин ду халифаи бузургвор аст. Худованд аз онҳо рози бод.

  • video-shot

    JPG

    Дар ин овеза хонандаи гироми хешовандии муборак байни аҳлу байти пайғамбар (с) ва аҳлу байти Усмон ибни Аффон (р.з)-ро мулоҳаза мекунад, ки ҳам баъди воқеъ шудани фитна буд ва ҳам баъдаш. Ин шаҷараномаи хешованди байни онҳо далолат ба як робита ва алоқаи хубу ҳамимона байни онҳо мекунад, Пас аз дуруғҳои бофташуда ва дар таърих дохил кардашуда барҳазар бошем.

  • video-shot

    JPG

    Дар ин овеза хонандаи гироми хешовандии муборак байни аҳлу байти пайғамбар (с) ва аҳлу байти Форуқ Умар ибни Хаттоб (р.з)-ро мулоҳаза мекунад, ки ҳам баъди воқеъ шудани фитна буд ва ҳам баъдаш. Ин шаҷараномаи хешованди байни онҳо далолат ба як робита ва алоқаи хубу ҳамимона байни онҳо мекунад, Пас аз дуруғҳои бофташуда ва дар таърих дохил кардашуда барҳазар бошем.

  • video-shot

    JPG

    Дар ин овеза хешованди байни аҳлу байти паёмбар (с) ва даҳ ёри биҳишти баён шудааст, ва ин шаҷараномаи хешованди байни онҳо баёнгари алоқаи устувор ва самими байни онҳо ва фарзандонашон аст. Пас аз дуруғҳо ва бофтаҳои дар таърих дохилкардашуда барҳазар бошем.

  • MP3

    Зиндагонии севвумин халифаи мусулмонон ва домоди Паёмбари ислом (с) Усмон писари Аффон (р.з).

  • MP3

    Зиндагонии дуввумин халифаи мусулмонон ва падарарӯси Паёмбари ислом (с) Умари Форуқ (р.з).

  • MP3

    Зиндагонии чаҳорумин халифаи мусулмонон ва домоди Паёмбари Ислом (с) Алӣ ибни Абитолиб (р.з)

  • PDF

    Нависанда : Шарипов Сайдмурод

    Ҳазрати Зубайр яке аз даҳ ёри биҳиштӣ ва узви Шўрои шашнафарӣ аст, ки ҳазрати Умар (р) умури хилофатро ба онҳо вогузор карда буд. Ў яке аз ҳомиён ва фидоиёни содиқи Расули акрам (с) буд.

  • PDF

    Нависанда : Шарипов Сайдмурод

    Башарият аз асри Одам то замони феълӣ даъватгарон, муслиҳон ва пешвоёни зиёдеро шоҳид будааст, ки пешсафии онҳоро паёмбарон соҳиб гаштаанд. Агарчи паёмбарони илоҳӣ барои наҷоти башарият ва ихроҷи он аз торикиҳои куфру залолат заҳамоти ҷонкоҳеро ҳамеша мутаҳаммил шудаанд, Худованди мутаъол ба манзури муваффақияти онҳо боз ёрону мухлисони аз ҷон гузаштаеро дар канорашон қарор дода, ки дар ҳар шароите аз базли ҷону моли хеш барои ҳимоят ва нусрати паёмбарон ва дини илоҳӣ дареғ наварзидаанд.

  • PDF

    Хадиҷа духтари Хувайлид, ҳамсар ва ёри бовафои Расули Худо (с) ва беҳтарин занони биҳишт аст. Намунаи волое аз инсоният, ки забон аз васфу сано ва азамматаш оҷиз аст. Бо лақаби тоҳира байни занони Макка дар он замон шинохта шуд. Ӯ дар Умми қуро –Маккаи мукаррама- 68 сол қабл аз ҳиҷрат таваллуд ёфтааст.

  • PDF

    Таълиф : Аюби Кинҷӣ Тарҷума : Муҳсин Рамазони

    Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.

Назари ту бароямон муҳим аст