Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 5

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Муаллиф дар рисолаи худ барои расидан ба ҳадафи олӣ ва саодату хушбахти, ки ҳар инсон дар талоши расидан ба он аст, васоил ва роҳҳои муҳимро зикр мекунад, ки сабаби расидан ба зиндагии саодатманд мебошанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин рисола баёнгари баъзе аз маҳосини дини мубини Ислом мебошад.

  • Тоҷикӣ

    LINK

    Тарҷумаи Қуръони карим ва маъонии он (ба шакли PDF ) дар равиши тафсири муяссару осон ба забони тоҷикӣ, Ва ин тарҷума нусхабардоришуда аз нусхаи Қуръони карим, ки дар Муҷаммаъи Малик Фаҳд барои чопи Қуръони карим омода ва чоп шудааст, мебошад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аллоҳ таъоло дини мубини Исломро ба воситаи ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён кардааст,бинобар ин шинохтани он ҳазрат бар тамоми инсонҳо воҷиб аст. Ва саҳобагони киром дини исломро аз забони мубораки Расулуллоҳ пурра омухта онро ба уммати Расулуллоҳ расонидаанд. Ва ин дини муқаддаси ислом ба воситаи саҳобагони киром ба машриқу мағриб паҳн шудааст. Бинобар ин шинохтани саҳобагони киром низ воҷиб аст. Дар ин рисола барои шумо сирати беҳтарин халқи Худо ҳазрати Паёмбарамон Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ва сирати беҳтарин шахсони уммати исломро баён кардам.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Банда ин рисоларо бо умеди ин, ки Худованди таъоло ба василаи он зану шавҳарро нафъ мебахшад ҷамъоварӣ намудам, ва бояд бигӯям, ки зани хирадманди афифа нағз медонад, ки чӣ гуна шавҳарашро хушнуд созад ва чӣ тавр бо ахлоқи ҳамида, фармонбардорӣ аз шавҳар ва лутфу нармӣ муҳаббати шавҳарашро касб намояд. Расули акрам (с) ба яке аз занони асҳоби хеш гуфтанд: - Оё шавҳар дорӣ? Гуфт: -Оре. Он ҳазрат (с) пурсиданд: - Нисбати ӯ чӣ гуна муомилаву рафтор менамоӣ? Гуфт: - То ҳадди тавонам дар хидматаш тақсиру кӯтоҳӣ нахоҳам кард. Он ҳазрат (с) фармуданнд: - Дар мавриди шаҳарат боэҳтиёт бош, зеро, ки ӯ (шавҳарат) биҳишт ва дӯзахат мебошад. Яъне, шавҳарат сабаби даромаданат ба биҳишт ва дӯзах мегардад. (Ба ривояти Тирмизӣ)