Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 13

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Паноҳгоҳи мусалмон: Нависандаи ин китоб шайх Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳаф ал-Қаҳтонӣ –Худованд дар ҳифзи худаш нигоҳаш дорад- мебошад, яке аз беҳтарин китобҳои зикрҳои рӯзу шаб дар ҳаёти мусалмон ба ҳисоб меравад, ва бо фазли Худованд ин китоб ба бисёре аз забонҳо тарҷума шудааст, ва кушиш кардем ки ҳамаи ин тарҷумаҳоро дар як саҳифа ҷамъ биоварем, ва зери назорат ва роҳбарии муаллиф забонҳои боқимондаро тарҷума кунем.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Сипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Шайх Ибни Усаймин дар ин китобаш усулҳои имонро шарҳ медиҳад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Роҳнамоии масоили ақидавӣ, ё 200 саволу ҷавоб дар баёни акидаи исломӣ. Шарҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат мебошад ва онро муаллиф бо тариқи савол ва ҷавоб тартиб додааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ақидаи ҳар мусалмон: Китобчаест ки 54 саволу ҷавобро дар мавзуи ақида дар бар мегирад, нависанда ба ин саволҳо аз Қурону Ҳадис ҷавоб медиҳад, зеро ин ки ақидаи тавҳид ин саъодату хушбахтии инсон дар дунё ва охират аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Барои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омўзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд... . Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мўҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собити Кўфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд. Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абўҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ў дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷўёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоб нақши маънавии ибодат ва бандагии Худоро дар такомули рўҳӣ ва бинои шахсияти инсон мавриди таъкид қарор дода, аҳкоми ибодатҳо ва ҳолатҳои шахсӣ ва хонаводагиро бар асоси бузургтарин мактаби фиқҳӣ дар ислом мазҳаби ҳанафӣ баррасӣ ва пешкаши хонанда менамояд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоб ҷанбаи омӯзишӣ ва тарбиявӣ дошта, бо шеваи нав омода гардидааст. Он аслан барои худомӯзии алифбои арабӣ пешбинӣ шуда ва ҳамзамон барои ғановати фикрии хонанда дар бахши дуюм ба тарҷима ва баёни хулосаи бистуяк сураи охири Қуръон пардохта, бахши сеюм ва чоруми онро бо омӯзаҳои имонӣ ва матолибӣ маънавӣ пурбор намудем. Китоб барои доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони фарҳанг ва тамаддуни мсломӣ тақдим мегардад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоби "Нишонаҳои Қиёмат (бо ривояти аҳли суннат) баён кунандаи аломатҳои рӯзи қиёмат, ки дар аҳодиси набави омадааст мебошад. Муаллифи китоб ҳама аломатҳои суғро ва кубро-ро, ки дар ҳадисҳои Расули худо (с) омадааст бо шарҳи онҳо зикр намудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Муаллиф мегуяд: Ман дар ҳақиқат перомуни шиъаёни аҳли байт чизе намедонистам магар ин, ки онҳо гуруҳе аз мусалмононад, ки дар муҳаббати аҳли байти Пайғамбари Худо ғулув (аз ҳад гузаронидан) ва зиёдаравӣ мекунанд ва онҳоро нусрат медиҳан, ва низ аҳли суннат ва ҷамоатро дар баъзе масалаҳои ҷузъии шариат бо таъвилҳои дур ё наздик мухолифат мекунанд. Аз ин ру вақте, ки баъзе аз бародарон онҳоро фосиқ ва ё гоҳе аз доираи Ислом берун ҳукм мекарданд, банда аз ин кор хеле хашмгин ва нороҳат мешудам. Аммо ин кор дер давом накард, ки яке аз бародарон ба ман тавсия кард, ки ман яке аз китобҳои муътабари ин ҷамоатро мутолиъа кунам то ин, ки ҳукми дурустро дар бораи ин мазҳаб ба даст орам. Ва ман китоби "Ал-Кофи"- ро ихтиёр кардам зеро, ки ин китоб такягоҳи ин тоифа дар исботи мазҳабаш мебошад. Ман ин китобро мутолиъа кардам ва аз он ба як чанд ҳақоиқи илмие дастраси пайдо кардам, ки манро ба узр хостан аз он нафаре, ки шафқати маро ба ин тоифа хато меҳисобид, водор сохт ва дигар худамро аз он дидгоҳе ки қаблан нисбати ин мазҳаб доштам, маъзур донистам. Майлу хоҳишам маро аз он мудорое ки ба умеди аз байн бурдани баъзе аз тундравиҳое, ки байни аҳли суннат ва ин тоифа ба ислом нисбат дода шуда буд, боздошт. Инак ман он ҳақоиқеро, ки аз муҳимтарин ва маътабартарин китобҳои ин мазҳаб ба даст овардаам, мавриди баҳс қарор медиҳам. Аммо аз ҳар шиъа мехоҳам, ки дар атрофи ин ҳақиқатҳои илми бо ихлос ва инсоф андеша карда, худ ҳукми саҳиҳро дар бораи ин мазҳабаш бибарорад.