Дастабандии илми

  • PDF

    Нависанда : Абдураҳмони. А

    Рӯза гирифтани се рӯз аз рӯзҳои ҳар моҳ аз ҷумлаи суннатҳои Паёмбар (с) аст, ки амалкунандаи бар ин суннат соҳиби аҷру савоби зиёде мегардад.

  • PDF

    Садақа додан дар роҳи Худо яке аз бузургтарин аъмоле аст, ки бандаро ба Парвардигораш наздик месозад.

  • PDF

    Агар дар моҳи рамазон аҳволи худро ислоҳ кардан хоҳем пас бояд аз муҳосаба ва ҳисобукитоби нафс шуруъ намоем.

  • PDF

    Вақтоки аз ҳалол худро боздошти ва рӯза гирифти, пас аз ҳаром ҳам худро нигоҳдор. Чигунае ки либосатро пок нигоҳ медори кушиш кун то рӯзаатро аз суханони бад, ғайбат, дуруғ ва ахлоқу рафтори бад, пок нигоҳдори.

  • PDF

    Ман баъди шукргузории худованд чанд васиятеро барои касоне ки аз он макони муқаддас ва тоҳир баргаштаанд пешкаш мекунам ва умедворам мавриди қабул ва истифодаи ҳамагон гардад.

  • Баъди ҳаҷ Тоҷикӣ

    PDF

    Чуноне ки мебинед мавсими ҳаҷ ҳам ба поён расид, ва моҳҳои ҳаҷ ҳам бо ҳамаи он хайру баракоташ гузаштанд, ҳамаи он рӯзҳо гузаштанд, баъзе мусулмонон ҳаҷ карданд, баъзашон ҳаҷи фарзӣ намуданд ва баъзеашон ҳаҷи нафлӣ, ва ҳаряки аз онҳое ки Худованд ҳаҷашонро қабул кард, аз гуноҳ чуноне пок ба хонаҳояшон баргаштанд ки гуё нав аз модар тавалуд ёфтаанд, пас чи хушо бар ҳоли комёбшудагон, чиқадар хушбахт ҳастанд, онҳое ки Худованд ҳаҷҳояшонро пазируфтааст, чуноне ки Ӯ мефармояд:,

  • PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Ҳаҷ рукне аз аркони Ислом ва ибодате аз ибодатҳои бузурге аст,ки дилҳо ба у муштоқанд ва нафсҳо ба зиёрати ин макони тоҳиру муқаддас барои таҳқиқи сухани худованд... Ҳамасола аз шарқу ғарб, ҷанубу шимол мардум гуруҳ гуруҳ ба ин макони муқаддасу пок меоянд, бо орзуи ин ки мисли аз нав аз шиками модар таваллуд шудаанд(пок аз гуноҳ) ба ватанҳои худ баргарданд.

  • PDF

    Инҳо чанд суханони муфиде ҳастанд барои касоне ки мехоҳанд дар ҳолу зиндагии худ тағйрот бидароранд, то ки парвардигори хешро хушнуд созанд, ҷамъовари намудам. Аз Худованд умед дорам ки хонанда аз ин суханҳо истифода барад.

  • PDF

    Моҳи шарифи Рамазон бо Қуръон иртиботи хоссе дорад, чунки Қуръон дар ин моҳ нозил шудааст, чуноне ки Худованд мефармояд: "Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръони нозил шудааст" (Бақара 185).

  • PDF

    Барои ҳар як мусулмон лозим аст ки дар мавсимҳои тоату ибодат бепарвои накунад, ва мебояд дар пешвоз гирифтани чунин мавсимҳо кушиш кунад, ки аз пешқадамон гардад, чуноне ки Худованд мефармояд: "Ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд"(Мутафифин 26) Моҳи шарифи рамазонро ингуна пешвоз бигиред:

  • PDF

    Ин рузҳо ҳамон рузҳое ҳастанд ки Худованд дар китобаш ба онҳо қасам ёд кард: "Савганд ба сапедаи субҳ (1) Ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа). Инҳо ҳамон рузҳои маълуме ҳастанд ки Худованд зикрашро дар ин рузҳо машруъ намдудааст: "Ва номи Худоро дар рӯзҳое муъайян ёд кунанд".

  • PDF

    Аз бузургтарин неъматҳои Худованд бар бандагонаш кушодани дари тавба ба руяшон аст, ва он ҳамчун субҳи содиқе барои сафари бозгашти дилҳои шикаста ва чашмҳои гирён ба суи умеди банда аз раҳмати Худованди бузург аст.

  • PDF

    Дар моҳи Рамазон руй ба суи Худо оварда будам…. Намозҳои нафлии зиёде мехондам….. лаззати ибодатро чашида будам…. бештар ба хондани Қурон мепардохтам… дар ширкат варзидан дар намозҳои ҷамоат кутоҳие надоштам… аз нигоҳ кардан ба ончи ки Худованд манъ кардааст дури меҷустам….. Вале баъд аз Рамазон он лазатеро ки дар моҳи Рамазон аз анҷом додани ибодатҳо мебурдам ва он шавқмандие ки нисбат анҷоми ибодатҳо дар дилам доштам онро намеёбам…. Акнун чи қадар намозҳои ҷамоати субҳро ҳозир намешавам…. Даст аз хондани бисёре аз намозҳои нафли ва хондани Қурон кашидаам…..ва ва ва дигару дигар. Оё ин мушкилро ҳал ё дармоне ҳаст?

  • PDF

    Бародари азизам хоҳари гиромиқадрам! Инҳо баъзе амалҳои солеҳе ҳастанд ки ба ҷо оварданашон дар моҳи Рамазон таъкид шудааст. 1- Рузадори 2- Қиёми лайл (Шаб зиндадори) 3- Садақа 4- Қурон хондан 5-Нишастан дар масҷид то баромадани офтоб 6- Эътикоф 7- Умра дар Рамазон 8- Пайгири аз шаби Қадр 9- Зиёд намудани зикри Худованд ва талаби дуъо ва мағфират кардан аз У.

  • PDF

    Доктор Муҳаммад Ал-Хашшоб (محمد الخشاب) устоди шуъбаи дастгоҳи гузориш ва ҷигари донишкадаи тибби донишгоҳи Зақозиқ (Миср) ба ин мавзӯъ ишора мекунад, ки бедор шудан барои намози бомдод, кори соати биологии баданро беҳ месозад ва дастгоҳҳои гуногуни ҷисмро водор месозад, ки ба беҳтарин ваҷҳ вазифаҳои худро анҷом диҳанд. Бар асоси пажӯҳишҳое, ки аз тарафи маркази пажӯҳишҳои миллии Қоҳира анҷом ёфтаанд, хондани намози бомдод дар вақти муқарарашудаи он, кори ҳуҷайраҳои баданро фаъол месозад ва онҳоро аз тақсимоти номарғуб нигаҳ медорад.

  • PDF

    Азбаски намоз дар байни дигар ибодатњо хусусият ва имтиёзњои муњиме дошт, Худованд онро бидуни восита ва миёнраве дар шаби Исроъ ва Меърољ мустаќиман расули Худоро мухотаб ќарор дода онро ба Ў ва умматаш фарз гардонид.

  • PDF

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Рамазон чист? Рамазон яке аз 12 моҳи ҳиҷрӣ мебошад, ки бисёр моҳи бузурге дар Ислом ба ҳисоб меравад ва аз дигар моҳҳои ҳиҷрӣ бо иддае аз фазоил ва хусусиятҳо фарқ мекунад. Аз ҷумлаи ин фазилат ва хусусиятҳо: 1. Худованд рузаи ин моҳро чаҳорумин рукни Ислом гардонидааст. 2. Худованд Қуръонро дар ин моҳ фиристод. 3. Худованд шаби Қадрро дар ин моҳ гардонидааст. 4. Худованд бо имон ва холисона руза доштан ва намоз гузоштани ин моҳро сабаби мағфират ва бахшиши гуноҳон гардонидааст. 5. Худованд дар моҳи рамазон дарҳои биҳиштро мекушояд ва дарҳои дўзахро мебанданд ва шайтонҳоро мебанданд. 6. Барои Худованд дар ҳар як шаби рамазон наҷотёфтагони аз дўзах аст. 7. Рўзаи моҳи рамазон сабаби аз байн рафтани гуноҳоне аст. 8. Рузаи моҳи рамазон баробар ба руза доштани даҳ моҳ ҳаст. 9. Касе ки намози таровеҳро то охираш ҳамроҳи имом ба ҷой орад, барои ў қиёми ҳамаи шаб навишта шавад. 10. Умра кардан (хонаи Худоро зиёрат карданд) дар рамазон баробар ҳаҷ аст. 11. Дар моҳи рамазон эъикоф нишастан суннат аст. 12. Дар рамазон мустаҳаби таъкидӣ аст, ки Қуръон омўхта ва зиёд тиловат карда шавад. 13. Аз ҷумлаи корҳои хубу мустаҳаб дар рамазон ифтор додани рузадор аст.

  • PDF

    Моҳи рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамои ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи рамазон ҳозир бошад, бояд рӯза бигирад). Моҳи рамазон, моҳи ибодат ва тоъат аст, моҳи нузули Қуръони карим аст дар бораи ин моҳи пурбаракат фазоили бисёре омадааст мо дар инҷо ба зикри гушаҳое аз ин фазилатҳо мепардозем.

  • PDF

    Мусалмонони садри аввали ислом аз саҳобаи киром ва тобиъин (р) ба моҳи рамазон эҳтимоми хос медоданд, аз Худованд мехостанд, ки онҳоро то моҳи рамазон зинда нигаҳ дорад то ин ки битавонанд ин моҳи пурфайзро руза бигиранд, ва бо қудуми рамазон хушҳол мешуданд, рузҳои онро руза ва шабҳояшро бо намози шаб ва тиловати Қуръон зинда нигаҳ медоштанд, ва дар ин моҳ бо анҷоми анвоъи ибодатҳо нафси худро покиза ва пок менамуданд.

  • PDF

    Намоз аввалин фармони Худо аст. Намоз маросими махсусе барои парастиши Худо ва розу ниёз бо уст. Дар он лаҳза, одамӣ ба камол ва шукуҳи бениҳояти офаридгори ҷаҳон меандешад, саропо шефтаи он мешавад

Назари ту бароямон муҳим аст