Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Introducing Islam to Muslims

Теъдоди матолиб: 43

  • Тоҷикӣ

    PDF

    ТАҚСИМ ВА ТАНЗИМИ ҚОЙДА БАРОИ ҚАВЛИ МУФИД: ИН КИТОБ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, МУЪАЛИФАШ ДОКТОР ҲАЙСАМ САРҲОН МЕБОШАД, ВА ИН МУХТАСАРИ КИТОБИ ҚАВЛУЛ МУФИД АЛО КИТОБИ ТАВҲИД АЗ АЛЛОМА АЛ УСАЙМИН РАҲИМАҲУЛЛОҲ МЕБОШАД, ВА ОН АЗ ҶУМЛАИ ФОЙДА ОВАРТАРИН КИТОБҲО ДАР ЗАМОНИ ҲОЗИР БА ШУМОР МЕРАВАД, ВА ОН ДАР БАЁНИ ТАВҲИДЕ КИ АЛООҲ БОЛОЙ БАНДАГОНАШ ВОҶИБАШ ГАРДОНДА АСТ, ВА ИНЧУНИН ЗИКРИ ОН ЧИЗҲОЕ КИ АСЛИ ТАВҲИД РО АЗ БАЙН МЕБАРАД АЗ ҶКМЛАЙ ШИРКИ АКБАР Ё ИНКИ КАМОЛИ ОН РО АЗ БАЙН МЕБАРАД АЗ ҶУМЛАЙ ШИРКИ КӮЧАК. МУЪАЛИФ ИН РО ДАР ШАКЛИ ЗЕБО ВА ТАҚСИМБАНДИ КАРДА ВА ДАР ОН МАҚСАДҲОИ УМУМИ БОБҲО ВА МАЪНОҲОЙ УМУМИ БАРОЙ ДАЛЕЛҲО ВА АСАРҲО ЗИКР НАМУДААСТ ВА БАЪДИ ҲАР ТАҚСИМБАНДИ САВОЛҲО ВА ОЗМОИШИҲО ГУЗОШТААСТ ҲАМАЙ ИН НА БА ШАКЛИ МУХТАСАРЕ КИ КАМБУДИ ДОШТА ВА НА ТУЛОНИЕ КИ ХАСТА КУНАНДА БОШАД.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бародарон ва ҳоҷиёни муҳтарам! аз ин ки зиёрати хонаи Худо ва ҳаҷҷи Байтуллоҳи-л-ҳаром яке аз аркон ва бунёни асоси Ислом ба шумор меравад, пас, бояд мутобиқи суннат ва гуфтори Расули акрам-саллаллоҳу алайҳи васаллам- бошад чунонки он ҳазрат худ фармуданд: «خذوا عني مناسككم، فإني لا أدري لعلي لا أحج بعد حجتي هذه». [مسلم]. «Аз ман маносик ва роҳнамои ҳаҷҷи худро биёмўзед. (Ба ривояти Муслим). Ин хадис асли азим ва бузурге дар маносик ва роҳнамои ҳаҷ аст. Пас ин мухтасари маносики ҳаҷро ба бародарони форсизабони ҷаҳон тақдим медорем ва аз Худованди азза ва ҷалл хосторем онро холисан барои ризову хушнўдии худ қарор дода, моро аҷр ва подоши нек дар дунё ва охират ато фармояд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.