Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Диданиҳо

Теъдоди матолиб: 284

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Абдулқодири Туршобӣ дар ин навор дар бораи аломатҳои рӯзи қиёмат бо оёту ҳадисҳои паёмбар суҳбат карда баён мекунад, ки аломатҳои рӯзи қиёмат бар ду навъ тақсим мешаванд: Аломатҳои кубро (бузург) ва Аломатҳои суғро (хурд), Инчунин зикр мекунад, ки баъзе аз ин аломатҳо воқеъ шудааст, ва баъзе аз он аломатҳо то ҳол воқеъ нашудаанд, мисли хуруҷи Даҷҷол ва баромадани Исо алайҳиссалом.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Устод Абдуллоҳи Ҳайдари дар ин навор дар бораи аломатҳои рӯзи қиёмат суҳбат карда баён мекунад, ки аломатҳои рӯзи қиёмат бар ду навъ тақсим мешаванд: Аломатҳои кубро (бузург) ва Аломатҳои суғро (хурд), Инчунин зикр мекунад, ки баъзе аз ин аломатҳо воқеъ шудааст, ва баъзе аз он аломатҳо то ҳол воқеъ нашудаанд, мисли хуруҷи Даҷҷол ва баромадани Исо алайҳиссалом.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи дуъо, шартҳои ва маконҳои дуъо, ва одоби дуъоро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар ин навор дар бораи навъи дуюми тавасул суҳбат мекунад, ки он Тавасул ба амалҳои неки худи инсон мебошад, ва дар ин боб як ҳадиси машҳуре аст аз Паёмбари ислом, ки онро пешкаши бинандагон мекунад.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Тавассул бар ду навъ аст: Тавассули шаръи (дуруст) ва тавассули ғайри шаръи (нодуруст ва ҳаром), ва тавассули шаръи се навъ мебошад: 1-Тавассул ба номҳо ва сифатҳои Худованд. 2-Тавассул ба амалҳои неки инсон. 3-Тавассул ба дуои солиҳон дар ҳаёташон.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи таваккал ба Худо кардан дар ҳамаи ҳолатҳои ҳаёт, ва ин ки таваккал ба ғайри Худо кардан ҷоиз нест, суханрони кардааст.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи имтиҳони Худованд намозхононеро, ки холисона барои Худо намоз мехонданду риё намекарданд, ва он намозхононе, ки барои мардум ва ё шуҳрату риё мехонданд, баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор, барои рафъ ва дур кардани балоҳо ва мусибатҳо ҳалҳое пешниҳод мекунад, ва аз ҷумлаи он ҳалҳо намоз аст, вақто ки қаҳти мешавад ба намози истисқо ру биоваред, ва ҳангоме ки хусуфу кусуф мешавад ру ба намоз оред, ва ин васияти Паёмбари ислом аст.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар ин навор дар мавзуъи васфи ҷаннат суҳбат мекунад, ва ҳадисеро аз Паёмбари Худо барои истидлол ва исботи гуфтаҳои худ ёдовар мешавад.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Дар ин навор Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар мавзӯъи хурофотҳое, ки аз мардум сар мезанад, ва сабаби пайрави накардан аз равиши Паёмбари ислом мегардад, ва ин чунин дар мавзӯъи ширк ва талаби ҳоҷат аз ғайри Худо кардан, суханрони кардааст.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Ҳадиси васфи ҷаннат чигунае ки аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) аз Худованд ривоят мекунад, ки Худованд мегуяд: Барои бандагони солеҳам чизҳое тайёр кардаам, ки на чашме дидааст ва на гуше шунидааст ва на дар дили касе гузаштааст...!

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор ҳадисе аз ҳадисҳои Паёмбари акрамро шарҳ медиҳад, ва он ҳамон ҳадисе аст ки 7 гуруҳе дар зери сояи арши Худованд ҳифозат мешаванд дар рӯзе (рӯзи қиёмат) ки ягон сояе вуҷуд надорад магар сояи арши Худованд.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Моҳи Аллоҳ моҳи Муҳаррам аст

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Рӯзи Ошуро

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳ Пурдил дар ин навор дар бораи иллатҳои ҳаром гардонидани муҳаррамот суҳбат намуда барои мисол зарар ва наҷосатро зикр кардааст. Баъзе корҳое аст, ки барои зарарнок буданаш бар инсон ҳаром гардидааст ва баъзеи дигар барои наҷис буданаш.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    "Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи масъулияти мусалмон дар ҷомиа суханрони намуда баён мекунад, ки ҳар як мусалмон дар баробари муҷтамаъи худ се масъулият дорад: 1. Масъулияти мусалмон нисбат ба Парвардигораш. 2. Масъулияти ӯ нисбат ба мардум ва атрофиёнаш. 3. Масъулияти ӯ нисбат ба он чизе ки дар атрофаш аз наботот ва ҷимодот мебошад."

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор як достони бисёр ҷолиб ва ибратомезе дар бораи марг ва хотимаи хуб ва ё бад будани ҳар инсон қисса мекунад.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи қавитарин ва муассиртарини махлуқот дар рӯи замин суҳбат карда баён мекунад, ки бандаи муъмину мусалмон қавитарини махлуқот аст.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи озмоишоти Аллоҳ суҳбат карда, баён мекунад, ки озмоишоти Аллоҳ ду навъ мебошанд: Бало ва Ибтило. Худованд балоро болои касоне, ки бо Худо ва дини Ӯ меҷанганд нозил мекунад. Вале ибтилоро болои бандагони солеҳ ва парҳезгораш.

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи гунаҳкорон ва золимон суҳбат карда онҳоро насиҳат мекунад, ки аз ин кори зишт ва бади худ даст кашанд ва бандагони Худоро зулму ситам накунанд. Зеро Худованди якто ин зулму ситами онҳоро беҷавоб намегузорад ва дар рӯзи қиёмат барои корҳои кардаашон дар назди Худо ҷавоб хоҳанд дод.