Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Sunnah of Prophet Muhammad

Теъдоди матолиб: 6

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    АДАБ-УЛ-МУФРАДИ ИМОМ БУХОРӢ РАҲИМАҲУЛЛОҲ

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ба иттифоқи тамоми уммати Ислом саҳеҳтарину мӯътамадтарин китоб баъди Қуръони карим “Саҳеҳ”-и имоми муҳаддисин Муҳаммад ибни Исмоъил Бухорӣ мебошад, ки инак мухтасари он (Мухтасари саҳеҳ бухорӣ) барои хонандагон пешкаш мегардад. Имом Бухори онро дар муддати 16 сол аз байни шашсад ҳазор ҳадиси ҳифз кардааш ба риштаи таҳрир дароавардааст. Ин асари гаронбаҳо дарбаргирандаи ривоятҳои нақлшуда аз расули Худо дар мавриди аҳкоми фиқҳи ва масоили иҷтимоъи, иқтисоди ва фарҳангии мусулмонон ва одобӣ исломи аст. Муаллифи асари ҳозир, ки худ аз олимони номдор ва муҳаддисини саршиноси Яман дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ аст, Бо ҳадафи ихтисор ва хулоса кардани китоби имом Бухорӣ бархе аз муҳимтарин ривоёти саҳеҳро интихоб кардааст, то ёру қарин ва ҳамвора дар дастраси мусулмонони худоҷу ва ҳақиқатдӯст бошад. Китоб бо муқаддимаи муфассали мутарҷим оғоз мешавад, ки дар он зиндагинома ва осору аҳволи имом Бухориро ба таври машруҳ баён карда ва фазоили ахлоқи илмии имомро бармешуморад. Идомаи ин асар тарҷумаи Аҳодиси набавӣ аст, ки дар бобҳои гуногун ва зайл 88 фасли китоб дар ихтиёри хонанда қарор мегирад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Тамоми уламои уммати исломи бар ин иҷмоъ ва иттифоқ намудаанд, ки масдари дуввуми шариъати Ислом Суннати набавӣ мебошад ва он бо масдари аввал (Қуръони карим) тавъам дар тавзеҳ ва такмили қавонини исломӣ нақши муассирро ифо менамояд. "...Бинобар ин, вақте банда китоби ҳозир “Омўзиши ҳадис”-ро дидам, ҳарчанд он муъҷаз ва мухтасар бошад ҳам, вале як гоме ба ҳадисомўзӣ ва бардошти маъонӣ ва аҳкоми аҳодис маҳсуб мегардад ва метавонад дари ҳадисшиносиро ба рўи донишҷўи улуми Ислом боз намояд..." (Мутарҷим)

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин рисола фарогири 40 ҳадиси шариф ва гуҳарбори Пайғамбари раҳмат Муҳаммад (с) буда, дар мавриди фазилати моҳи Рамазон ва баракати рўза гирифтан андарин моҳи гуноҳсўз навишта шудааст.Рисолаи мазбур дастагули имониест дар шинохти фазилати моҳи мубораки Рамазон ва дастовези шарифест дар баланд бардоштани маърифати динии хонандаи арҷманд.