Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Rulings of Funeral

Теъдоди матолиб: 9

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Дар ин навор дар мавзӯъи чигуна зиёрати қабристон рафтан ва дар кадом ҳолат мамнуъ аст, ва аҳкоми тавассулро бо анвоъаш хоҳед шунид.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Савол: Ҳукми ҷанозаро такроран хондан чист?

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи марг ва аз ёд набаровардани он суханрони кардааст.

  • Тоҷикӣ

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи баъзе корҳо ва амалҳое суҳбат мекунад, ки онҳоро ҳангоми азодори анҷом додан ҳаромаст, баробар аст, ки он корҳо аз тарафи хонаводаи майт анҷом шавад ва ё аз тарафи меҳмонҳо.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Чипта: Танҳо ба як самт (чиптаи бозгашт нест). Нарх: Ройгон (бепул). Ҷойи махсус: Ҷудо ва тасдиқ шудааст. Маълумоте дар бораи мусофир. Ном. Насаб. Номи падар: Ҳама фарзандони Одам (а). Таркибаш: Хок. Суроға: Сайёраи Замин. ШАРТҲОИ САФАР Нуқтаи равонашавӣ: Ҳаёти дунявӣ. Нуқтаи охирин: Ҳаёти беохир. Транзит: Меҳмонхона - 2 метр зери замин (танҳо барои як шахс). Муддати парвоз: Номаълум.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу. Як савол: Як ҳадиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки рости гап, маънояшро медонам, лекин матнашро ба тоҷикӣ ифода карда наметавонам. Яъне маънои ҳадис ҳамин мебошад, ки инсоне ки мурда аст дар қабр хобида ҳаст ва ба сабаби ин ки касе барои ӯ гиряву доду фарёд мезанад, ҳамон марди мурда ба азоб дучор ҳаст. Ҳамин ҳадис оё саҳеҳ мебошад? Барои он ки ҳазрати Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ин ҳадисро қабул намекунад ва такя бар ояти Анъом; 164 ҳаст ба фикрам) мекунад.: Бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва ӯ шуморо ба он чизҳое ки дар он ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад. Фикри шумо дар бораи ин ҳадис чист ва агар санадҳояшро меовардед, хуб мешуд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Чанде пеш барои зиёрати оромгоҳи падарам рафтам. Ҳангоми ба мазори қиблагоҳам наздик шудан дар назди қабре, ки санги мармар дошт, дастаи гул ва шамъи нимсӯхтаро дидам. Оё аз шамъ афрӯхтан ба майит ягон сабукӣ мерасад? М.Ф.сокини пойтахт.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Аммор Шавқи

    Эй фарзанди одам! Марг ки барои падар ва модарамон (Одам ва Ҳаво алайҳимо салом) ки расид ҳеч шаку шубшҳа нест, ки бар моҳам мерасад. Маънои маргро бо каломи Худо ва бо ҳадисҳои Расулуллоҳ фаҳмонидан чи зебост. Худованд мефармояд: { وَأَنْفِقُوا مِمَّا رَزَقْنَاكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ أَحَجدَكُمُ المَوْتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَولاَ أَخَّرْتَنِي إِلَى أَجَلٍ قَرِيْبٍ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُنْ مِنَ الصَّالِحِيْنَ }. Яъне: "Нафақа кунед аз ончики рузиятон кардаем пеш аз инки марг бар яке аз шумо бирасад ва бигуяд: Парвардигоро агар андаке маргро бар ман тахир биандози ки садақа бидиҳам ва аз чумлаи некукорон шавам, Худованд ҳаргиз марги касеро ки аҷалаш расида бошад тахир намеандозад ва Худо ба ончики анҷом медиҳад огоҳ аст".

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ногаҳон хабар мерасад ки фалони фавт кард. Аз Абу Саъиди Худри ривоят аст ки Паёмбар - дуову дуруд бар у бод- мефармуд:" Ҳар гоҳ ҷанозаеро гузоштанд ва ба қабристон омода шуд, мардум онро ба души худ ҳамл мекунанд, агар солиҳ ва неку кор бошадмегуяд: маро ба зуди бибаред, ва агар одами баде бошад ба хонаводааш мегуяд: вой бар у куҷояш мебаред? Чи азобе дар интизори уст! Садои ин фарёдро бр ҷуз инсон ҳама чиз мешунавад, агар инсон онро бишнавад беҳуш хоҳад шуд, ва баъд аз марг ба инсон чи чизҳо барояш мемонад. Нависандаи ин мақола дар бораи марг ва азоби он саҳбат мекунад.