Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 1040

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Бисёре аз мардум сураи фотиҳаро дар намоз бо шитоб мехонанд гуё касе ё даррандае онҳоро таъқиб дорад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Гуноҳони бузург зиёданд вале аз ҳама бузургтараш чи аст? Кадом гуноҳ аст? Оё гуноҳон ҳам дар бади ва қабоҳат мартабаи бузургу хурд доранд? Бузургтарин гуноҳ ширк аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Гуруҳе аз Олимон

    Ин мақола дар мавриди шаҳодат ва бовари доштан ба калимаи тавҳид, ва шурути қабули он баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Гуруҳе аз Олимон

    Ин мақола дар мавриди паӣрави аз Паӣғамбари Худо ва чинуга ба даст овардани муҳаббати у мебошад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Муаллиф дар мавзуи фазлу бузургии яктопарасти навишта ва оят ва аҳодисе ки ба ин мавзуъ алоқаманд аст зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Муаллифи ин мақола маҷмуае аз оятҳо ва ҳадисҳое ки далолат бар адолат ва фазлу бузургии саҳобагони Расули Худо мекунад, ҷамъовари намуда, бар онҳо шарҳ ва баёни мухтасаре илова намудааст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддин дар ин навор дар мавзуи Аркони имон мавъиза мекунад ки аркони имон чунин аст: Имон ба ягонагии Худованд. Имон ба Малоикаҳо. Имон ба китобҳо. Имон ба Расулон. Имон овардан ба рузи қиёмат. Имон ба Қазо ва Қадар ки тамоми неки ва бади аз ҷониби Худованд аст. Эшон дар ин навор дар бораи Имон ба қадар муфассалан суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Зиёрати масҷиди Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз ҳаҷ ё баъд аз ҳаҷ суннат аст. Зеро дар китоби "Саҳеҳ Бухори" ва "Саҳеҳ Муслим" аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят омадааст, ки гуфтанд: Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: " "صلاة في مسجدي هذا خير من ألف صلاة فيما سواه إلا المسجد الحرام" "Як намоз дар ҳамин масҷидам беҳтар аст аз ҳазор намоз дар масчидҳои дигар, ғайр аз масҷиди Ҳаром".

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ақидаи ҳар мусалмон: Китобчаест ки 54 саволу ҷавобро дар мавзуи ақида дар бар мегирад, нависанда ба ин саволҳо аз Қурону Ҳадис ҷавоб медиҳад, зеро ин ки ақидаи тавҳид ин саъодату хушбахтии инсон дар дунё ва охират аст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуридин дар ин навор дар бораи ҳукмҳои таҳорат ва чигуна бояд таҳорат кард мавъиза мекунад. Ва инчунин дар бораи намози ҷамоат ва ҳукми фазилату бартарии он аз танҳо намоз хонданро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Пас аз офариниши Одам (а) Худованд (ҷ) ба фариштагон фармуд: "Ҳангоме ки онро низом бахшидем ва аз рӯҳи худ дар он дамидем, барои ӯ ба саҷда афтед" (сураи "Ҳиҷр", ояти 29). Бо ин фармони илоҳӣ "фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд" (сураи "Ҳиҷр", ояти 30). Аммо иблис "ба хотири рӯҳияи истикбораш аз фармони Худо сарпечӣ намуд ва саҷда накард" (сураи "Бақара", ояти 34). Зеро иддаои бартарӣ бар Одам дошт ва мегуфт: "маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва ман бартар (болотар) аз ӯям" (сураи "Сод", ояти 76). Ба ҳамин далел Худованд (ҷ) ба вай фармуд: "аз осмонҳо (ва аз суфуфи малоика) дур шав, ки ту рондаи даргоҳи манӣ". Ба ин васила иблис аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бидуни шак, воқеаи Карбало яке аз воқеаи дилхарошест, ки дар таърихи Ислом ба сабт расида аст. Дар ин воқеа бисёре аз фарзандон, наздикон ва ёрони ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ба шаҳодат расиданд. Мо дар ин воқеа номҳои бисёре чун Алии Асғар, Аббос, Ҷаъфар ва ғайраро дар расонаҳо, китобҳо ва ғайра борҳо шунидаем, ки бо обу тоб барои онҳо сӯгворӣ шуда ва ҳатто кӯдакон ҳам бо ин номҳо ошноии комил пайдо кардаанд. Ҷолиб аст, бидонед, дар миёни ин номҳо, номҳое ҳамчун АБУБАКР, УМАР ва УСМОН низ дида мешавад, ки аз наздиктарин афрод ба ҳазрати Имом Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} будаанд. Ба таври мисол, ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} бародароне ба номҳои АБУБАКР, УМАР ва УСМОН доштаанд ва ҳатто фарзанде ба номи АБУБАКР дошта, ки ҳамаи онон дар воқеаи Карбало дар канори ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ва дар канори бародарони дигарашон ба ҳамон далеле ки ба хун ғалтиданд, ба шаҳодат расиданд, аммо имрӯза ҳеҷ номе аз онҳо бурда намешавад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аркони Имон, рукни аввали имон, ва ягонагии Худованд, ва парастиши Худованди ягона ва маънои калимаи шаҳодат, ва навъҳои ширк, ва маънои ибодат, ва далелҳои воридшуда дар Қурону суннат дар бораи ягонагии Худованд, ва дигар гуфтаниҳо дар мавриди ягонагии Худованд, инҳо мавзуъҳое ҳастанд ки ин китобча дар бар гирифта аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Суолҳои муҳим дар ҳаёти ҳар як мусулмон дар мавзуъҳои гуногун, мисли Аркони имон ва ислом ва маънои Лоилоҳа Иллаллоҳ, ва оё Худовандро бандагонаш мебинанд, ва шартҳои қабули амалҳо.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Эмон овардан ва бовари доштан бар пайғамбарони Худо яке аз рукнҳои эмон ба Худо мебошад, чуноне ки Худованд мефармояд: { آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَّبِّهِ وَالمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آَمَنَ بِاللهِ وَمَلاَئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ } «Ва муминон низ ҳама эмон овардан ба Худо ва фариштагони У ва китобҳои У ва пайғамбарони У… » Ва агар касе бар яке аз пайғамбарони Худо эмон наорад аз дини ислом берун мешавад, ва дар зумраи гумроҳон шуморида мешавад, чуноне ки Худованд мефармояд: { وَمَنْ يَكْفُرْ بِاللهِ وَمَلاَئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ وَاليَوْمِ الآخِرِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلاَلاً بَعِيْدًا } «Ва ҳар ки кофир шавад ба Худо ва ба фариштагони У ва китобҳои У ва пайғамбарони У ва рузи охират пас ҳар оина гамроҳтарини гумроҳон шудааст ».

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Масҷидҳои сегона: Масҷидулҳаром (дар Маккаи мукаррама (Кааба) ва масҷиди пайғамбар (с) дар Мадинаи мунаввара ва масҷидул Ақсо дар Фаластин. Ин мақола дар бораи фазилати ҳамин маҷидҳо мебошад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Маънои имон овардан ба улуҳияти Худованд: Имон овардан ба улуҳияти Худо Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда: (وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم) «Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Азбаски намоз дар байни дигар ибодатњо хусусият ва имтиёзњои муњиме дошт, Худованд онро бидуни восита ва миёнраве дар шаби Исроъ ва Меърољ мустаќиман расули Худоро мухотаб ќарор дода онро ба Ў ва умматаш фарз гардонид.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Дар ин навор эшони Нуруддин қисса Иброҳим алаҳиссаломро нақл мекунад, ва дар наворҳои 3,4 дар бораи бинои Каъба ва чигуна онро сохт, ва баъзе фаризаҳои ҳаҷро низ баён мекунад.