Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 1040

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Хоҳари мусулмон! Оё чунин нест, ки ҳар яки мо гуноҳу хатоҳои зиёд дорем? Оре! Локин оё ҳамаи ин моро аз раҳмати беканори илоҳи ноумед месозад? Оё гуноҳон моро аз мағфирати васеъи Парвардигори ғафур маъюс мегардонад? Хоҳари мусалмон, ба ин ҳадиси қудси бингар, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Умар Форуқ

    Бародарон ва хоҳароне, ки бидуни мутолиъа ва таҳқиқ ақоиди нодурусти уламои рофизиро қабул кардаед ва ҳозир ба канор гузоштани ақоиди ғалати падарону аҷдоди худ нестед! 1200 сол аз ғайбати имоми дувоздаҳум гузашт, аммо имоми ғоиб наёмад, шак накардед?

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Таълиф : Мустафо ас-Сибоъи Тарҷума : Мӯҳсин Шайхӣ Таҳрир : А. Ҳақназар

    Ҳазрати Муҳаммад (с) Паёмбари мо инсонҳост, дилсӯзу меҳрубон, хайрхоҳу некандеш, дорои рафтор ва гуфторе аст, ки барои ҳар инсон дар ҳар замону макон ва дар ҳар мақому мавқеъияти беҳтарин сар машқ ва болотарин улгу аст. Нигори ман ки ба мактаб нарафту хат нанвишт, Ба ғамза масъала омӯзи сад мударрис шуд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ҳасад: яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад. Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон. Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ман баъди шукргузории худованд чанд васиятеро барои касоне ки аз он макони муқаддас ва тоҳир баргаштаанд пешкаш мекунам ва умедворам мавриди қабул ва истифодаи ҳамагон гардад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Абдуллоҳ Тавҳидӣ

    Офаридгоре, ки ба танҳои соҳиби ҳамаи чиз аст ва дар офариниши ҳастӣ ва идораи он, ки аз назму печидагии ҳайратоваре бархурдор аст, аҳадеро бо худ ҳамроҳ надорад. Холиқе, ки ҳамеша ва ҳамаи ҷо нозиру муроқиби офаридаҳои хеш аст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Фазоил ва аҳкоми шаҳодат ва чи аҷру савобро соҳиб мешавад ва киҳоро метавонад рӯзи қиёмат шафоъат кунад, ва дигар корҳои алоқаманд ба шаҳид ва шаҳодат.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагии баъд аз марг ва ҳақоиқи он ва баъд аз марг чи воқеъаҳо рӯй медиҳад ва зиндагии ҷовидона кадом аст, ва дигар корҳои алоқаманд ба зиндагии охират, ки ин суханрони дар бар гирифтааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Ҳаҷ рукне аз аркони Ислом ва ибодате аз ибодатҳои бузурге аст,ки дилҳо ба у муштоқанд ва нафсҳо ба зиёрати ин макони тоҳиру муқаддас барои таҳқиқи сухани худованд... Ҳамасола аз шарқу ғарб, ҷанубу шимол мардум гуруҳ гуруҳ ба ин макони муқаддасу пок меоянд, бо орзуи ин ки мисли аз нав аз шиками модар таваллуд шудаанд(пок аз гуноҳ) ба ватанҳои худ баргарданд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Эй хоҳари мусалмон: Тавтиаи бузурге барои масх карданат ва бози бо ҷисму шарафат ба роҳ афтода аст, пас огоҳ шав ва аз шарри ин найранги бад ба Парвардигорат паноҳ ҷуста аз Ӯ талаби ҳимоят кун, зеро танҳо Худованд аст, ки метавонад туро наҷот диҳад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Иқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Моҳҳои ҳаром кадомҳоянд ва моҳи зулҳиҷҷа дорои кадом фазилатҳо аст, як маҷмуъа аз ҳадисҳои саҳеҳ дар фазоили ин моҳи муборак, бо ҳамроҳии маҷмуъаи дигаре аз ҳадисҳо , ки дар бораи ин моҳ ворид шудааст вале ҳадисҳои заиф мебошанд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагонии севвумин халифаи мусулмонон ва домоди Паёмбари ислом (с) Усмон писари Аффон (р.з).

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагонии дуввумин халифаи мусулмонон ва падарарӯси Паёмбари ислом (с) Умари Форуқ (р.з).

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагонии аввалин халифаи мусулмонон ва падарарӯси Паёмбари ислом (с) Абубакри Сиддиқ (р.з).

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагонии чаҳорумин халифаи мусулмонон ва домоди Паёмбари Ислом (с) Алӣ ибни Абитолиб (р.з)

  • Тоҷикӣ

    YOUTUBE

    Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи фазлу бузургии моҳи шарифи рамазон суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Касоне, ки рӯзаи моҳи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад.