Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Islamic Creed

Теъдоди матолиб: 60

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ҳукми фолбинӣ ва ситора шиносӣ, ва ин корҳо дар дини мубини Ислом ноҷоиз аст, ва инҳо аз ҷумлаи ширк овардан ба Худо ҳисоб мешавад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор мардум ва хоссатан донишҷуёнро ба илму донишомузи ташвиқ мекунад, ва инчунин дар рафти суҳбат дар бораи ТАВАССУЛ суҳбат намуда навъҳои ҷоиз ва мамнуъи онро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддинҷон дар ин навор дар мавзуи арақ ва зарарҳои он, ва кай ҳаром гардондани он аз ҷониби Худованд, ва вақто ки ояти ҳаром будани арақ нозил шуд саҳобагони киром чигуна онро тарк кардан ва аз он дури чустанд, ва каме дар бораи зино ва зарарҳои он, ва ҳукми зино дар ислом суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар рӯзи қиёмат ва ҳисобу китоби амалҳои мардум дар рӯзи қиёмат, ҳар як амали хайр бошад ва ё шарру бад, ҳисоб карда мешавад ва мувофиқи он ҷазо дода мешавад, ҳар касе амали хуб карда бошад аҷру подош мегирад ва касе амали бад ва нофармонии Худоро карда бошад, ҷазои бадиашро мебинад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар атрофи аҳволи мардум дар рӯзи қиёмат суҳбат карда, баён мекунад, ки мардум дар рӯзи қиёмат аз корҳои худ пушаймон мешаванд, мусалмон аз он пушаймон мешавад, ки чаро дар дунё кори некро зиёд анҷом надод, аммо гунаҳкор ва кофир барои он пушаймон мешаванд, ки чаро мусалмон нашуданд ва бадкорҳо пушаймон мешаванд, ки чаро аз кори бад даст накашиданд ва ибодати Худоро анҷом надоданд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар атрофи тарсидан аз ғайри Худованд, ки ( азза ва ҷалла ) сабаби хориву зиллати он шахс мешавад, суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар атрофи пирӯзи ва комёбии мусалмонон дар дунё ва ё дар охират аст, Вақто, ки мусалмонон пирӯзи ва комёбиро бихоҳанд, бояд даст ба тоат ва ибодати холисонаи Аллоҳ бизананд ва баъди ибодат аз Худованд талаби пирӯзи бикунанд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар бораи зулм ва золимин ва чигуна амалҳо аз ҷумлаи зулм аст, мебошад. Ва аз ҷумлаи золимон шахсе аст, ки аз фармонҳои Худованд сарпечи мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар атрофи ҷаннат ва сифатҳои он ва инчунин дар бораи васфи азоби рӯзи қиёмат ва дӯзах суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар атрофи даҳшати зилзилаи рӯзи қиёмат аст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар атрофи амалҳои неку бади инсон суҳбат карда баён мекунад, ки Худованди муттаъол малоикаҳои хоссе халқ кардааст ва онҳоро мукаллаф кардааст, ки бо бандагонаш бошанд ва тамоми амалҳои неку бади онҳоро нависанд, Тамоми амалҳо навишта мешаванд агар чи монанди заррае бошанд. Ва ин амалҳо дар рӯзи қиёмат ба соҳибаш нишон дода мешавад ва дар асоси он ба ҷаннат ва ё дӯзах равона карда мешавад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Дар ин навор ривоятҳо ва қиссаҳое аз тақво, парҳезгори ва шаҳодати Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) зикр шудааст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар бораи се амал ва ё хислате суҳбат мекунад, ки дар ҳадис ворид шудаанд ва онҳо барои инсон ҳалокунанда ҳастанд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор шарҳи ҳадиси зане аст, ки аз Паёмбар (с) талаби дуъо кард, то инки вақти маризияш либосҳояшро пора накунад ва авраташ намоён нашавад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Васфи ҷаннат дар Қуръон ва суханони Паёмбар (дуову дуруд бар ӯ бод) бисёр таъсири аҷиб ва бузурге бар саҳобагон мегузошт, ки рафтору кирдорашонро тағйир дода лаҳзае ҳам аз тоъату ибодати Худованд ғофил намемонданд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ҳар шахсе думболи оромиш ва ё роҳат бошад бояд ба ибодати Парвардигор бархезад, зеро Худованд ва Паёмбараш дар оятҳо ва ҳадисҳои зиёде баён кардаанд, ки оромиши дилҳо ва нафсҳо дар итоати Худованд аст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Васфи дӯзах дар Қуръон ва суханони Паёмбар бисёр тасири аҷибе ва бузурге бар нафсҳои саҳобагон мегузошт, ки рафтору кирдори саҳобагонро тағйир медод. Ва онҳо аз тоату ибодати Худованд лаҳзае ғофил намешуданд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Навор дар бораи ислом овардани Абубакри Сиддиқ (Худованд аз Ӯ рози бод) ва фазилатҳои он ҳазрат.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор дар атрофи шахсоне, ки бо даъвати Абубакри Сиддиқ дар садри ислом мусалмон шудаанд суҳбат мекунад, ва аз ҷумлаи онон халифаи севуми мусулмонон Усмон писари Аффон –Худованд аз онҳо рози бод- мебошад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Қиссаи ҷолиб ва таъсирбахши Абубакри Сиддиқ бо Мистаҳ (р), ки Абубакри Сиддиқ ба ӯ садақа доданро манъ кард, Ва баъди нозил шудани оёте аз ҷониби Худованд садақаи медодагиашро боз шуруъ кард.