Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Islamic Creed

Теъдоди матолиб: 60

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи баъзе аз сифатҳои Паёмбари Акрам Муҳаммад (Дуову дуруд ба ӯ бод) суҳбат мекунад, ва алалхусус дар бораи сифатҳое, ки мушрикини Қурайш пеш аз биъсати Паёмбар Ӯро бо он сифатҳо мешинохтанд. (Мисли: Муҳаммади Содиқ, Муҳаммади Амин ва дигар сифатҳое, ки барои мусулмонон намуна мебошанд.)

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагии баъд аз марг ва ҳақоиқи он ва баъд аз марг чи воқеъаҳо рӯй медиҳад ва зиндагии ҷовидона кадом аст, ва дигар корҳои алоқаманд ба зиндагии охират, ки ин суханрони дар бар гирифтааст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагонии севвумин халифаи мусулмонон ва домоди Паёмбари ислом (с) Усмон писари Аффон (р.з).

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагонии дуввумин халифаи мусулмонон ва падарарӯси Паёмбари ислом (с) Умари Форуқ (р.з).

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагонии аввалин халифаи мусулмонон ва падарарӯси Паёмбари ислом (с) Абубакри Сиддиқ (р.з).

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Зиндагонии чаҳорумин халифаи мусулмонон ва домоди Паёмбари Ислом (с) Алӣ ибни Абитолиб (р.з)

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ин навор баён кунандаи аломатҳои рӯзи қиёмат, ва он чигуна барпо мешавад, ва аломатҳои қиёмат кадомҳоянд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Шайх Абдуллатифи Ансорӣ дар ин навор дар бораи сирати яке аз занҳои олами Ислом, духтари Паёмбар (с), завҷаи ҳазрати Али (р.з) ва пешво ва қудваи тамоми занони мусалмонҳо Фотимаи –Худо аз ӯ рози бод- суҳбат мекунад. Бояд ин шахсият улгу ва пешвои тамоми занҳои мусалмон бошад, ва тамоми занҳои мусалмон тақлид ӯ бикунанд. Ва бояд ин зан зарбулмасали тамоми занони мусалмон бошад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Шайх Абдуллатифи Ансорӣ дар ин навор дар бораи сирати яке аз занҳои олами Ислом, ва олимтарин зани мусалмон дар таърихи ислом, духтари Ҳазрати Абубакри Сиддиқ, завҷаи Паёмбари ислом Муҳммад (с) ва пешво ва қудваи тамоми занони мусалмон Оишаи Сиддиқа –Худо аз ӯ рози бод- суҳбат мекунад. Бояд ин шахсият улгу ва пешвои тамоми занҳои мусалмон бошад, ва тамоми занҳои мусалмон тақлид ба ӯ бикунанд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Дар ин навор шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил қиссаи ислом овардани ҳазрати Умар писари Хаттоб (Худо аз ӯ рози бод) қисса мекунад, ва инчунин чигуна Ӯро Абулуълуаи маҷуси ба шаҳодат расонд баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар боби дуруғгуи ва ҳукми он дар ислом баён мекунад, ва ваъидҳое ки Худо ва Расулаш барои дуруғгуён ваъда додааст суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар бораи зиндагонии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (Худо аз Ӯ рози бод) суҳбат мекунад. Ва бояд зикр кард, ки ин дуввумин халифаи мусалмонон мебошад, ва яке аз даҳ нафари башоратдодашуда ба ҷаннат аст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар бораи зиндагонии Хулафои Рошидин (Худо аз онҳо рози бод) суҳбат мекунад. Ва бояд зикр кард, ки Хулафои Рошидин инҳоянд: Абубакри Сиддиқ ва Умари Форуқ ва Усмони Зиннурайн ва Али писари Абитолиб.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи дӯстдоштани Паёмбари Худо (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мавъиза мекунад, муҳабати мо нисбати Паёмбари Худо бояд чигуна бошад, оё муҳаббати Паёмбар сабаби наҷоти мо мешавад? Оятҳо ва ҳадисҳои воридшуда дар мавзуи муҳаббати Паёмбари Худо бо зикри баъзе аз қиссаҳои муҳаббати саҳобагон нисбати расули Худо.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи зиндагонии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (Худо аз Ӯ рози бод) суҳбат мекунад. Ва бояд зикр кард ки ин дуввумин халифаи мусалмонон мебошад, ва яке аз даҳ нафари башоратдода ба ҷаннат аст. Инчунин дар ин навор зикр мекунад, ки баъзе мардум аз ин саҳобии киром ирод гирифтанд ва ӯро таънаву дашном додаанд; Ҳоҷи Мирзо сухани онҳоро рад карда ва ботил будани суханони онҳоро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Дар ин навор ҳоҷи Мирзо қиссаи қурбонии ҳазрати Исмоилро нақл мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи азоб ва саволу ҷавобҳое ки дар даруни қабр аз ҳар як инсон пурсида мешавад ба мо мерасонад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи ҳиҷрати Расули Акрам (Дуову дуруд бар ӯ бод) ба суи Мадинаи Мунаввара суҳбат мекунад, ва дар бораи он машаққатҳое, ки расули Худо бо ҳамроҳии Абубакри Сиддиқ рубару шуда буданд дар ин ҳиҷрати торихи зикр мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи тоҷирон ва савдогароне, ки мардумро дар бозорҳо фиреб дода ҳаққи онҳоро бо фиребу найранг ва бо роҳҳои ҳаром мехуранд, суҳбат мекунад. Ва бо баъзе аз оятҳо ва ҳадисҳо баён мекунад, ки ин кор ҳаром аст ва дуруст нест, ва дар рузи қиёмат бисёр азоби сахте ин тоифаро интизор аст то вақте, ки тавба накунанд.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи даҷҷол, сифатҳои ӯ, зарарҳо ва аз куҷо боромадани ӯ, ва чигуна мардумро ба суи куфру ширк бурданаш ва ки ӯро ба қатл мерасонад суҳбат мекунад.