Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Zakah

Теъдоди матолиб: 4

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Мақола дар мавзӯъи cавоби нафақаву бахшиш бар зану фарзандон аст, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Садақа додан дар роҳи Худо яке аз бузургтарин аъмоле аст, ки бандаро ба Парвардигораш наздик месозад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Ҷуз ин нест, ки садақот ба фақирон ихтисос дорад. Фақир касест, ки чизе надорад. Зиёд ибни Ҳарс (р) мегӯяд: «Марде назди Расули Худо (с) омаду гуфт: Аз амволи закот ба ман бидиҳед! Расули Худо (с) фармуданд: Бидон, ки Худои азза ва ҷалла ба ҳукми Паёмбар ё каси дигаре дар боби садақот (амволи закот) розӣ нашуда, балки худаш дар бораи он файсала намуда ва онро ба ҳашт қисмат тақсим карда, пас агар ту ҳам аз он гурӯҳ ҳастӣ, инак ба ту низ аз он медиҳам.».

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аз Ибни Аббос (р) омада аст, ки мегуяд: «Паёмбари Худо закоти Фитрро барои пок гардидан рўзадор аз беҳудагӣ, бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардонид. Касе онро пеш аз намоз (яъне намози ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро пас аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад» Миқдори садақаи Фитр барои ҳар фард бо ҳисоби гандум ним соъ ва бо ҳисоби ҷав, хурмо (инҷо мақсад аз хурмо ҳамон хурмои Арабӣ аст, ки рўзаро бо он кушодан суннат аст) ва монанди онҳо як соъи пурра аст, ва дар ҳолати пардохтани арзиши яке аз онҳо низ ҷоиз ва кофӣ мегардад. Як соъ баробар аст ба = 2156 грамм, яъне бештар аз ду килограмм.