Дастабандии илми

  • PDF

    Мақола дар бораи ҳиҷрати Абубакри Сиддиқ бо Ҳамроҳии Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад.

  • PDF

    Дашном додан бар асҳоби расули худо бо насси Қуръони карим ҳаром аст. Ва ин ақидаи Аҳли суннат ва ҷамоъат мебошад.

  • PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Умар ибни Хаттоб (р.з) мегуяд: «Суханони ман бо Қуръон дар се ҷо мувофиқ омаданд».

  • PDF

    Нависанда : Ҳувайдо Абдуллоҳ

    Сирати мухтасари саҳобии бузургвор Усома писари Зайд (р.з), Падари Усома (р), Зайд писари Ҳориса (р.з) аз ҷумлаи аввалин касоне буд, ки дини Исломро пазируфт. Ӯ ғуломи озодкардаи ҳазрати Хадиҷа (р.з) буд.

  • PDF

    Нависанда : Ҳувайдо Абдуллоҳ

    Оиша (р.з) мегӯяд, ки дар Бани Ашҳал се нафар буданд, ки касе аз онҳо дар фазлу бузургӣ бартарӣ надошт. Эшон; Саъд писари Маъоз, Усайд писари Ҳузайр ва Ибод писари Башар (р.з) буданд.

  • PDF

    Нависанда : Шарипов Сайдмурод

    Ҳазрати Зубайр яке аз даҳ ёри биҳиштӣ ва узви Шўрои шашнафарӣ аст, ки ҳазрати Умар (р) умури хилофатро ба онҳо вогузор карда буд. Ў яке аз ҳомиён ва фидоиёни содиқи Расули акрам (с) буд.

  • PDF

    Нависанда : Шарипов Сайдмурод

    Башарият аз асри Одам то замони феълӣ даъватгарон, муслиҳон ва пешвоёни зиёдеро шоҳид будааст, ки пешсафии онҳоро паёмбарон соҳиб гаштаанд. Агарчи паёмбарони илоҳӣ барои наҷоти башарият ва ихроҷи он аз торикиҳои куфру залолат заҳамоти ҷонкоҳеро ҳамеша мутаҳаммил шудаанд, Худованди мутаъол ба манзури муваффақияти онҳо боз ёрону мухлисони аз ҷон гузаштаеро дар канорашон қарор дода, ки дар ҳар шароите аз базли ҷону моли хеш барои ҳимоят ва нусрати паёмбарон ва дини илоҳӣ дареғ наварзидаанд.

  • PDF

    Хадиҷа духтари Хувайлид, ҳамсар ва ёри бовафои Расули Худо (с) ва беҳтарин занони биҳишт аст. Намунаи волое аз инсоният, ки забон аз васфу сано ва азамматаш оҷиз аст. Бо лақаби тоҳира байни занони Макка дар он замон шинохта шуд. Ӯ дар Умми қуро –Маккаи мукаррама- 68 сол қабл аз ҳиҷрат таваллуд ёфтааст.

  • PDF

    Рамла духтари Абу Суфён писари Сахр мебошад. Модараш Сафия духтари Абил-Ос писари Умайя амакии Усмон писари Аффон аст. У бо кунияаш –Умми Ҳабиба- дар байни мардум шинохта мешуд ва аз зумраи мусалмонҳои аввал ба шумор меравад. У бо ҳамроҳии шавҳараш –Убайдулло писари Чаҳш- дар Маккаи Мукаррама исломи хешро эълон намуд. Онҳо монанди дигар мусалмонҳои Макка аз шиканчаҳои пай дар пайи мушрикон эмин наёфтанд.

  • PDF

    Халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шогирдони мадрасаи нубувват ва баъди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дигар пайғамбарон бузургтарин ва беҳтарин бандагони Аллоҳ таоло мебошанд. Ҳамчуноне Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои пайғамбарон ва имоми ҷаҳониён дониста мешавад, саҳобагонаш пешвои саҳобагони дигар пайғамбарон ва баъди пайғамбарон бузургтарин фарзандони Одам дониста мешаванд.

  • PDF

    Дар соли шашуми ҳиҷри ҳазрати Расули Худо (с) хост, ки қаламрави давлати исломиро густариш диҳад. Аз ин рў, ҳашт нома ба сарон ва руасои Араб ва Аҷам ирсол дошт ва дар он номаҳо ишонро ба Ислом даъват кард ва дар ҷумлаи ин руасо яке ҳам Сумома ибни Усоли Ҳанафи буд. Бидуни шак Сумома яке аз он шахсиятҳои маъруфи даврони ҷоҳилият буд, ки арабҳо ҳарфашро мешуниданд ва аз амру фармонҳои ў итоат мекарданд.

  • PDF

    Бароъ ибни Молики марди жулидамўй ва лоғар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин ҳама қаҳрамони ва шуҷоат нишон диҳад. Аммо бо вуҷуди ин заъфи ҷисмони ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танҳоии хеш ба қатл расонидааст ва ин теъдод ғайр аз теъдодест, ки ба дасти вай дар саҳнаи набард зиндаги худро аз даст додаанд.

  • УММИ САЛАМА Тоҷикӣ

    PDF

    Медонед, ки Умми Салама кист? Умми Салама падараш аз сарони номвар ва маъруфи бани Махзум ва яке аз сахимардони Араб аст, ки камтар аз сахиён метавонанд ба пояи ў расанд. Саховат ва ҷуди вай ба ҳадде расида буд, ки ўро ба номи Тўшаи мусофир лақаб дода буданд, чун вақте мусофирин қасди диёри ў менамуданд, ҳамроҳ бо худ тўша намегирифтанд.

  • PDF

    Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки УМАЙР ИБНИ ВАҲБ ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд. Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусалмонон асир гузошт. Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусалмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ўро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа мекард. Ва дар ин бахш қиссаи чигуна ислом овардани ин абарманди торихро бароятон баён мекунем.

  • PDF

    Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Вай дар даврони ҷоҳилият яке аз афроди оддие буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷўҳи таърих қарор намегирифт. Вале дини зиндагисози Ислом ба вай чунон шахсият бахшид, ки таърих аз шахсияти вай ҳамеша бо бузурги ёд хоҳад кард, чунки вай бо ду тан аз императорони бузурги он вақт, Қайсар ва Кисро мулоқот намуда ва бо ҳар яке аз он ду достони шунидани дорад, ки ҷараёни онро барои хонандагон тақдим медорем.

  • PDF

    Нависанда : Зоҳири ДАВЛАТ

    Дар ин мақола дар бораи зиндагии яке аз саҳобагони киром, пеш аз ислом оварданаш ва то ислом оварданаш ва хизматҳое ки он саҳоба дар ислом кардааст баён мекунад. Ва он саҳоба форс буд ки ба номи Салмони Форси дар торих зикр шудааст.

  • PDF

    Чанде нагузашта буд, ки шахсиятҳои саршинос аз аҳли Ҳимс ба қасди дидор ва мулоқот бо халифа, равонаи Мадина гардиданд ва чун бо халифа дидорашон ҳосил гашт, барояшон гуфт: Номҳои ниёзмандон ва муҳтоҷонатонро ба ман бидиҳед, то ҳоҷаташонро бароварда созам. Ишон амри ўро ба ҷо оварда номҳои ишонро, ки дар он ҷумла номи Саъид ибни Омир низ дар он шомил буд, ба ў тақдим карданд. Халифа аз дидани номи Саъид дар номгўи фақирҳо дар ҳайрат афтод ва пурсид: - Саъид ибни Омир кист? Ишон дар ҷавоб гуфтанд: Амирамон. Халифа гуфт: Амиратон фақир аст? Гуфтанд: Бале. Қасам ба Худо, рўзҳо бар вай мегузарад ва дуд аз хонааш баланд намешавад.

Назари ту бароямон муҳим аст