Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 17

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Силсила мақолаҳое дар бораи Ҳаҷи хонаи Худо, қисми даҳуми ин силсила иборат аст аз: - Таърифи қурбонӣ. - Ҳукми қурбонӣ. - Вақти қурбонӣ. - Басанда дар қурбонӣ. - Айбҳои қурбонӣ. - Тақсими қурбонӣ.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аз мусибатҳо ва балоҳое, ки уммати мусулмон гирифтор шудааст ва ба сабаби он неъматҳои худоро аз даст додааст ва гирифтори мушкилиҳо шудааст, ташбеҳ ва монанди кардани мусулмонон бар насрониҳо, яҳудиҳо ва дигар мушрикону кофирон дар идҳо ва ҷашнҳояшон мебошад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар рӯзе аз рӯзҳои шукуфони Мадинаи набави ва дар субҳи рӯзи ид дар хонаи Паёмбар (с) ва хонаҳои гирду атрофаш дар пеши назари Паёмбар (с) дар чеҳраҳои мардум шодию сурур дида мешуд,

  • Тоҷикӣ

    DOC

    Худовандро ҳамеша дар ҳоли эҳромбанди, талбиягўи, тавофу саъйи байни Сафо ва Марва ва дар вуқуфи дар Арафа ва Машъарулҳаром ва рамйи ҷамарот, умуман дар тамоми лаҳзаҳои дуову ниёиш ва тавбаву гиряамон ба азамату бузурги ёд хоҳем кард.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Одоби истиқболи иди рамазон, ва баъзе огоҳиҳо аз воқеъ шудан дар корҳои ношоям дар рӯзи ид, бо зикри идҳои исломӣ.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Таҳрир : Мусъаби Ҳамза

    Додани ҳадяву қабули он, (дар ғайри муносиботи динӣ) ва таҳният гуфтани аҳли китоб дар ғайри идҳо ва умури таъаббудӣ (муваффақият дар вазифа, соҳиби фарзанд шудан, чизи наверо харидан) ҷоиз аст. Пас далелҳое ки зикр хоҳанд шуд дар мавриди он аст, ки оё аҳли китобро дар ин иди муқаддасашон(соли нав ё кресмес) таҳният гӯем ё не?! Далелҳои оянда баёнкунандаи ҳукми ин мавзӯъ мебошад.

  • Тоҷикӣ

    PPSX

    Нависанда : Абдулмалик Ал-Қосим Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Падарҷон! Иди қурбон аҷаб иди зебое аст, дур аз писарбачаҳо бо духтаракон бози мекунем, доира мезанем ва овозхони мекунем. Падарҷон куртаи наву зебоямро пушида сарамро бо рӯймол мепушонам ва ҳамроҳи шумо намози идро мехонам. Падарҷон дар ин ид рӯймоли калон мепушам, ман акнун калон шудаам.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Чаҳор ҳазор сол қабл, шахсе дар сарзамини Ироқ, по ба арсаи вуҷуд ниҳод, ки барои абад дар тарихи башараят асари доимӣ аз худ ба ҷо гузошт. Дар замоне, ки вай чашм ба дунё гушуд, ҳама ҷоро ширк ва бутпарастӣ дар бар гирифта буд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Калимаи мухтасаре дар бораи одоб ва аҳкоми рузи иди қурбон, мисли такбир гуфтан, ва намози идро адо намудан, ва қурбони кардан ва дигар одоби ин рузи муборак.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин мақола баён карда шуд аҳкоми қурбони ва шурути он ва вақташ, бо далилҳо аз қурон ва суннат.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Албата шаби қадр як ё се ва ё чанд рўзҳои тоқе қабл аз расидани Иди Фитр сурат мегирад, ва ё ба ибораи дигар онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири аз рамазон метавон дарёфт, ки ибодати кардани ин шаб бештар аз ҳазор моҳ ва ё ҳаштоду се сол аст, яъне савоб ва подоши зиндадорӣ кардан ва ба тоату ибодат гузаронидани ин шаб бештар аз умри як банда аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бо фарорасидани иди навруз мехостам барои хонандагони гироми пешвоз гирифтани ин рузро аз нигоҳи шариъати исломи пешкаш кунам. Ва ҷоиз набудани ин идро бо баъзе аз суханҳои Паёмбар (с.в) ва баъзе аз суханони олимони мазҳаби Ҳанафи барои шумо пешкаш мекунам.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : С. Юсуфӣ Таҳрир : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Маълуму маъруф аст, ки дар дини мубини Ислом ҳамагӣ ду ид вуҷуд дорад: Рамазону Қурбон ва ё бо номҳои дигар иди саиди Фитр ва иди Азҳо. Инро ҳама медонанд ҳатто ғайри мусулмонҳо ҳам. Родию ва телевизёнҳои гуногуну мухталифи ҷаҳон аз рафту ҷараёни ин ду ид дар кишварҳои мухталифи мусалмоннишин гузоришҳои ҷолибу диданӣ пахш мекунанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Аввали пайдоиши иди 8-уми март, иди модар, иди занон, ва ҳукми пешвозгири ва тақдими туҳфа дар ин ид.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Чигунае ки мебинем ва медонем баъд аз чанд рӯз соли нави милодӣ шуруъ мешавад. Ин маросим ки аслан мазҳари дини дорад вале бисёри аз мардуми мусулмон аз ин бохабар нестанд, ва онҳо ҳам мисли масеҳиён ин идро пешвоз гирифта хушҳоли мекунанд, ва дастархон ороста ҳамдигарро бо фарорасии ин ид табрику таҳният мегуянд. Ва барои ҳамдигар туҳфаҳо харида тақдим мекунанд. Пас оё барои мусулмонон ҷоиз аст ки ин рӯзро пешвоз гирифта дар ин рӯз хушҳоли кунанд? Оё ҷоиз аст ки дастархон ороста дустон ва хешу таборро даъват намоянд? Оё ҷоиз аст ки ширини ва туҳфаҳо тақдим намоянд? Ва дигар саволҳо ки мехоҳам дар ин мақолаи мухтасар ҷавоби худро ёбанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Суол: Ҳукми табрик кардани кофирон дар иди Кресмес (иди соли нави милодӣ) чист? Ва чигуна ҷавоб диҳем онҳоро вақто бо ин ид моро табрик карданд? Оё ба ҷойҳое ки ин гуна муносибатҳо аст, рафтан ҷоиз аст? Оё агар ин кор аз тарафи инсоне ғайри ихтиёри сурат гирад гунаҳгор мешавад? ва рафтанаш шояд аз шарм ё муҷомала ё барои худро дар назди онҳо ноҳинҷор ҳис накардан сурат гирифта бошад, ва ё бо дигар сабабҳо? Ва оё ба онҳо ташаббуҳ ва ё монанди кардан ҷоиз аст?

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Фаро расидани иди саиди фитрро аз самими қалб барои ҳама бародарон ва хоҳарони мусулмон табрик ва таҳният мегўям ва умедворам, ки худованди бузург тоат ва ибодати мо ва шумо азизонро қабул намуда, подош ва савоби бузургро насибамон гардонад. Аз Анас (р.з) ривоят аст, ки ҳангоме ки расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) ба Мадина омаданад, мардум ду рўзро доштанд, ки ба бозию саргармӣ машғул мешуданд ва ҷашн мегирифтанд. Паёмбари Худо фармуд: «Худованд ба ҷойи онҳо барои шумо ду рўзи беҳтаре қарор додаст, рўзи фитр (иди рамазон), рўзи иди қурбон». (ривояти Насоӣ ва ибни Ҳиббон дар саҳеҳаш). Ин мақола ин мавзухоро дар бар мегирад: Закоти фитр Одоб ва суннатҳои ид Лафзҳои такбир Аҳамияти намози ид ва таъкиди рафтан ба намози ид Намози ид ду ракат аст, ки ингуна хонда мешавад Табрик ва таҳният гуфтан ба якдигар Баъзе аз мункароте, ки дар рўзи ид анҷом мегирад ва бояд аз он парҳез кард.