Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 430

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар соли шашуми ҳиҷри ҳазрати Расули Худо (с) хост, ки қаламрави давлати исломиро густариш диҳад. Аз ин рў, ҳашт нома ба сарон ва руасои Араб ва Аҷам ирсол дошт ва дар он номаҳо ишонро ба Ислом даъват кард ва дар ҷумлаи ин руасо яке ҳам Сумома ибни Усоли Ҳанафи буд. Бидуни шак Сумома яке аз он шахсиятҳои маъруфи даврони ҷоҳилият буд, ки арабҳо ҳарфашро мешуниданд ва аз амру фармонҳои ў итоат мекарданд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Номи аслии ин саҳобии гиромиқадр Холид ибни Зайд ибн Кулайб аст ва ба қабилаи бани Наҷҷор нисбат дорад. Кунияаш Абуаюб ва мансуб ба Ансор аст, чи аз мо мусалмонон касе нест, ки Абуаюб Ансориро нашиносад?

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Яке аз фализалатҳо ва меҳрубонии Худованд барой бандагонаш ин аст ки барой бандагони некукораш рузҳо ва вақтҳое муаян карда аст то бандагони солиҳаш дар он рузҳо аз ибодати Худо ва аъмоли нек зиёд анҷом диҳанд, ва аз беҳтарин ва хубтарини он рузҳо" даҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа мебошад" ки дар бораи фазилати ин рузҳо далилҳои зиёде аз Қурон ва аҳодиси пайғамбари Худо омада аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб муаллиф дар мавзуи шикор кардани муҳрим ва ҷазои онро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бродарон ва зоирони хонаи худо аз инки зиёрати хонаи худо ва ҳачи байтуллоҳилҳаром яке аз аркон ва бунёни асоси дини ислом мебошад пас бояд мутобиқи суннат ва гуфтори пайғамбари худо адо карда шавад чуноне ки худи пайғамбари худо фармуданд:

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Миқот чой аст ки ҳочи аз ончо ба ҳач ё умра еҳром мебандад ва дар ончо ният мекунад. Ва миқотҳо иборат аз чандчо ҳастанд:

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Яке аз бузургтарин аркони ислом ва аз беҳтарин қурубот ва тоот назди худованд адой ҳач ва зиёрати хонаи уст, ки агар мусалмон онро ба вачҳи саҳиҳ ва бидуни маъсият анчом диҳад сабаби дохил шудани у дар биҳишт мегардад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб муаллиф воҷиб будани ҳаҷ ва чигуна ба ҷой овардан, ва фазилатҳои ҳаҷро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб муаллиф эњсор ва љазои шикор кардан дар ҳоли бо иҳром буданро бо зикри аҳодиси ворид шударо дар ин мавзуъро зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб муаллиф воҷиб будани умра ва чигуна ба ҷой овардан, ва фазилатҳои умраро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб муаллиф воҷиб будани ҳаҷ ва чи гуна ба ҷой овардан, ва фазилатҳои ҳаҷро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бароъ ибни Молики марди жулидамўй ва лоғар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин ҳама қаҳрамони ва шуҷоат нишон диҳад. Аммо бо вуҷуди ин заъфи ҷисмони ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танҳоии хеш ба қатл расонидааст ва ин теъдод ғайр аз теъдодест, ки ба дасти вай дар саҳнаи набард зиндаги худро аз даст додаанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Медонед, ки Умми Салама кист? Умми Салама падараш аз сарони номвар ва маъруфи бани Махзум ва яке аз сахимардони Араб аст, ки камтар аз сахиён метавонанд ба пояи ў расанд. Саховат ва ҷуди вай ба ҳадде расида буд, ки ўро ба номи Тўшаи мусофир лақаб дода буданд, чун вақте мусофирин қасди диёри ў менамуданд, ҳамроҳ бо худ тўша намегирифтанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ва рузаи моҳи шарифи Рамазон яке аз он тоату ибодатҳоест ки нафси инсонро пок месозаду тоҳир мегардонад, руза доштани шаш рузи моҳи Шаввол низ фурсатест аз фурсатҳои поксозии нафс, чунки вақто ки мусалмон аз рузадории моҳи Рамазон фориғ мешавад дар ру ба руяш боз ибодатеро мебинад, ки агар уро ба ҷо биёрад, бозҳам нафсаш поктару тоҳир тар мегардардад. Паёмбар (с) уматонашро аз фазли рузадории шаш рузи моҳи Шаввол хабардор карда онҳоро шавқманд месозад ки уро ба ҷо биёранд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Рамазон чист? Рамазон яке аз 12 моҳи ҳиҷрӣ мебошад, ки бисёр моҳи бузурге дар Ислом ба ҳисоб меравад ва аз дигар моҳҳои ҳиҷрӣ бо иддае аз фазоил ва хусусиятҳо фарқ мекунад. Аз ҷумлаи ин фазилат ва хусусиятҳо: 1. Худованд рузаи ин моҳро чаҳорумин рукни Ислом гардонидааст. 2. Худованд Қуръонро дар ин моҳ фиристод. 3. Худованд шаби Қадрро дар ин моҳ гардонидааст. 4. Худованд бо имон ва холисона руза доштан ва намоз гузоштани ин моҳро сабаби мағфират ва бахшиши гуноҳон гардонидааст. 5. Худованд дар моҳи рамазон дарҳои биҳиштро мекушояд ва дарҳои дўзахро мебанданд ва шайтонҳоро мебанданд. 6. Барои Худованд дар ҳар як шаби рамазон наҷотёфтагони аз дўзах аст. 7. Рўзаи моҳи рамазон сабаби аз байн рафтани гуноҳоне аст. 8. Рузаи моҳи рамазон баробар ба руза доштани даҳ моҳ ҳаст. 9. Касе ки намози таровеҳро то охираш ҳамроҳи имом ба ҷой орад, барои ў қиёми ҳамаи шаб навишта шавад. 10. Умра кардан (хонаи Худоро зиёрат карданд) дар рамазон баробар ҳаҷ аст. 11. Дар моҳи рамазон эъикоф нишастан суннат аст. 12. Дар рамазон мустаҳаби таъкидӣ аст, ки Қуръон омўхта ва зиёд тиловат карда шавад. 13. Аз ҷумлаи корҳои хубу мустаҳаб дар рамазон ифтор додани рузадор аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Фаро расидани иди саиди фитрро аз самими қалб барои ҳама бародарон ва хоҳарони мусулмон табрик ва таҳният мегўям ва умедворам, ки худованди бузург тоат ва ибодати мо ва шумо азизонро қабул намуда, подош ва савоби бузургро насибамон гардонад. Аз Анас (р.з) ривоят аст, ки ҳангоме ки расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) ба Мадина омаданад, мардум ду рўзро доштанд, ки ба бозию саргармӣ машғул мешуданд ва ҷашн мегирифтанд. Паёмбари Худо фармуд: «Худованд ба ҷойи онҳо барои шумо ду рўзи беҳтаре қарор додаст, рўзи фитр (иди рамазон), рўзи иди қурбон». (ривояти Насоӣ ва ибни Ҳиббон дар саҳеҳаш). Ин мақола ин мавзухоро дар бар мегирад: Закоти фитр Одоб ва суннатҳои ид Лафзҳои такбир Аҳамияти намози ид ва таъкиди рафтан ба намози ид Намози ид ду ракат аст, ки ингуна хонда мешавад Табрик ва таҳният гуфтан ба якдигар Баъзе аз мункароте, ки дар рўзи ид анҷом мегирад ва бояд аз он парҳез кард.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва Қуръони карим бар қалби поки ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд. Дар он шаб нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо оғоз гардид.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Эътикоф дар луғат ба маънои мондан ва даранг кардан аст. Ва дар истилоҳи шаръ яъне; мондан ва нишастан дар масҷид ҳамроҳ, бо қасд ва нияти тақарруб ба Худованд. Эътикоф бар ду гуна аст: 1-Эътикофи воҷиб, он ки шахе бо назр кардан бар худаш воҷиб гардонад. 2-Эътикофи суннат, яъне шахси мусалмон ба хотири тақарруб ба Худованд ва пайрави аз Расули Акрам (с) дар масҷид эътикоф менишинад, ба хусус дар даҳ рузи охири рамазон, ки таъкиди бештаре шудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: «Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд».Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009. Дар ин мақола нависанда дар бораи намози тарових ва чанд ракаат аст баён мекунад

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Моҳи рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамои ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи рамазон ҳозир бошад, бояд рӯза бигирад). Моҳи рамазон, моҳи ибодат ва тоъат аст, моҳи нузули Қуръони карим аст дар бораи ин моҳи пурбаракат фазоили бисёре омадааст мо дар инҷо ба зикри гушаҳое аз ин фазилатҳо мепардозем.