Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 430

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Инҳо чанд суханони муфиде ҳастанд барои касоне ки мехоҳанд дар ҳолу зиндагии худ тағйрот бидароранд, то ки парвардигори хешро хушнуд созанд, ҷамъовари намудам. Аз Худованд умед дорам ки хонанда аз ин суханҳо истифода барад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Моҳи шарифи Рамазон бо Қуръон иртиботи хоссе дорад, чунки Қуръон дар ин моҳ нозил шудааст, чуноне ки Худованд мефармояд: "Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръони нозил шудааст" (Бақара 185).

  • Тоҷикӣ

    PDF

    «Оё гумон кардӣ, ки асҳоби Каҳф ва навиштае, ки (бар девори ғор буд) аз ҷумлаи ояту нишонаҳои аҷибу ғариб буд? Чун ором гирифтанд ҷавонон дар ғор пас гуфтанд: Парвардигоро, бидеҳ ба мо аз назди худ биҳиште ва омодасоз барои мо дар кор роҳёберо (мудаббиреро). Пас парда гузоштем дар гӯшҳояшон дар ғор (яъне, хобонидем онҳоро) чанд сол. Боз бедор сохтем онҳоро то бидонем, ки кадом яке аз ду гурӯҳ ёд дошта муддатеро, ки дар он ғор буданд». (Сураи Каҳф 9 - 11).

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Барои ҳар як мусулмон лозим аст ки дар мавсимҳои тоату ибодат бепарвои накунад, ва мебояд дар пешвоз гирифтани чунин мавсимҳо кушиш кунад, ки аз пешқадамон гардад, чуноне ки Худованд мефармояд: "Ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд"(Мутафифин 26) Моҳи шарифи рамазонро ингуна пешвоз бигиред:

  • Тоҷикӣ

    DOC

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Зиндаги иборат аз варақҳои (ғам) ва (хурсанди) аст. Шояд ин сухан ҷониби дурусте дошта бошад!!! Агар яке аз мо дар ҳаёти худ, рӯзҳои зиндагии худ бо диққат назар андозад, дар ҳақиқат мебинад ки ӯ ба варақҳои гуногун дар шаклу ранг эҳтиёҷ дорад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин навиштаҷот, матни суханронии хонуми мусалмонест, ки дар яке аз донишгоҳҳо, дар баҳсе зери унвони "Оё Ҳиҷоб монеъи пешрафти мамлакат аст!",тақдим кардаст ва ӯ тавонистааст беш аз 86 дар сади ҳозирини маҷлисро бо истидлоли худ қаноъат диҳад, ки ҳиҷоб монеъи пешрафти ҳеҷ кишваре нест.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Шарипов Сайдмурод

    Ҳазрати Зубайр яке аз даҳ ёри биҳиштӣ ва узви Шўрои шашнафарӣ аст, ки ҳазрати Умар (р) умури хилофатро ба онҳо вогузор карда буд. Ў яке аз ҳомиён ва фидоиёни содиқи Расули акрам (с) буд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Шарипов Сайдмурод

    Башарият аз асри Одам то замони феълӣ даъватгарон, муслиҳон ва пешвоёни зиёдеро шоҳид будааст, ки пешсафии онҳоро паёмбарон соҳиб гаштаанд. Агарчи паёмбарони илоҳӣ барои наҷоти башарият ва ихроҷи он аз торикиҳои куфру залолат заҳамоти ҷонкоҳеро ҳамеша мутаҳаммил шудаанд, Худованди мутаъол ба манзури муваффақияти онҳо боз ёрону мухлисони аз ҷон гузаштаеро дар канорашон қарор дода, ки дар ҳар шароите аз базли ҷону моли хеш барои ҳимоят ва нусрати паёмбарон ва дини илоҳӣ дареғ наварзидаанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Хадиҷа духтари Хувайлид, ҳамсар ва ёри бовафои Расули Худо (с) ва беҳтарин занони биҳишт аст. Намунаи волое аз инсоният, ки забон аз васфу сано ва азамматаш оҷиз аст. Бо лақаби тоҳира байни занони Макка дар он замон шинохта шуд. Ӯ дар Умми қуро –Маккаи мукаррама- 68 сол қабл аз ҳиҷрат таваллуд ёфтааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Файзуллоҳи Аҳё

    Маҳрамҳои насабӣ ва абадӣ: Маҳрамҳои насабӣ ва абадӣ дар маҷмуъ ҳафт навъ мебошанд, ки бо Китоби Худо маҳрамият ва ҳурмати никоҳи онҳо собит шудааст. Худованд дар сураи Нисо дар қисмате аз ояти 23 мефармояд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад. Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мунира ҲАБИБОВА

    Зани насрони чигуна мусалмон шуданошро дар ин мақола қисса мекунад, ва инчунин мушкилотҳое ки дар роҳи Худо ба онҳо дучор шудааст. (Ман монанди ҳар фарди масеҳии дигар аз кӯдакӣ бар дини масеҳият ба воя расидам. Падарам кӯшиш мекард, то маро тарбияти хуб кунад. ӯ рӯзҳои якшанбе маро бо худ ба калисо мебурд).

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дили софу солим, суханҳо ва амалҳо бо оёт ва аҳодиси воридшуда дар ин мавзуъ, ва сабабҳои воқеъ шудан дар бадбини ва ҳиқду ҳасад, ва чигуна аз ин сифатҳои бад эмин мондан.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Қудрати Худованди бузургро баёд биёр. Ба ёд дошта бош он ҳангомеро ки ба гуноҳе даст мезани, Худованд туро дида истодааст. Ба ёд дошта бош ки ин ҷасадро Худованд барои ту насиб кардааст, ва ту боши бо ҳамин ҷасад нофармонии уро мекуни, бидон ки ҳар лаҳзае мумкин аст, ки туро аз яке аъзоҳоят маҳрум гардонад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Фурсати гаронбаҳо барои зани мусулмон, даҳ насиҳат ки бисёр чизҳои муҳимро дар бар гирифтааст, аз ҷумла: намоз, руза, сатр ва дигар насиҳатҳои муҳим.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Гуруҳе аз Олимон

    Ин мақола дар бар мегирад: Қабр аввалин манзил аз манозили охират мебошад, Дамидан дар Сур, Растохез, Ҳашр, Шафоати бузург, Ҳисоб, Парвози номаҳои аъмол, Тарозу, Ҳавз, Озмоиши мўъминон, Оташ, Қантара (пул), Биҳишт ҷойгоҳи мўъминон аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Шаби никоҳ падар духтари худро васият карда гуфт: Духтарам, барпо кардани оила кори осон нест ва масъулиятҳои зиёдеро дар пай дорад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Соли гузаштаамонро читавр гузаронидем? Соли ояндаамонро читавр бояд гузаронем? Гузашт соли куҳнае, ки ман ва ту онро соли нав гуфта қабулаш намӯда будем. Боз як соли ҳаёти умри ширини мо ва ту гузашт соли ҳиҷрие ки 355 рӯз буд ва соли мелодие ки 366 рӯз буд. Дар ин соли гузаштаи умри мо ва ту хонандаи гироми пур аз ҳаводиси талху ширинро дар бар дошт.

  • Тоҷикӣ

    DOC

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Рузе аз рузҳо марде ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш бо мошини шахсии худ ба сафар баромад, сафари дуру дарозе.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Чаҳор ҳазор сол қабл, шахсе дар сарзамини Ироқ, по ба арсаи вуҷуд ниҳод, ки барои абад дар тарихи башараят асари доимӣ аз худ ба ҷо гузошт. Дар замоне, ки вай чашм ба дунё гушуд, ҳама ҷоро ширк ва бутпарастӣ дар бар гирифта буд.