Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 430

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Яке аз суннатҳои моҳи Рамазон барвақт ифтор намудан аст. Паёмбар (с) мефармояд: «То замоне, ки мардум барвақт ифтор менамоянд, дар хайру хубӣ ҳастанд».Муттафақун алайҳ аст. Ин мақола дар бораи ифтор ва дар кадом вақт ифтор кардан хуб аст сухбат мекунад

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ҳамон тавре, ки гуфтем, рўзадор бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб аз баъзе корҳо бипарҳезад ва агар яке аз онҳоро анҷом диҳад, рўзааш фосид мешавад. Маҷмўъаи ин корҳоро муфсидоти рўза меноманд. Бархе аз «муфсидоти рўза» чунон ҳастанд, ки бо содир кардани онҳо бояд ҳам қазои онро ба ҷо оварад ва ҳам каффорат бар ў воҷиб мегардад. Аз ҷумла:

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Худованди поку ягона дар моҳи мубораки Рамазон рӯза доштанро машрӯъ гардонида, онро яке аз фаризаҳои асосӣ дар ислом қарор додааст. Пайғамбари акрам (с) низ рӯзадории ихтиёриро бар мадори суннат машрӯъ гардонидааст. Ҳеҷ гумоне нест, ки рӯзадорӣ ва дигар парастишҳое, ки Худованду пайғамбараш воҷиб доштаанд, фоидаҳои зиёдеро дар пай доранд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Руза ибодатест, ки фоидаҳои фаровоне дарбар дорад мо дар инҷо саъи мекунем бархе аз фоидаҳои рузаро зикр кунем.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Мусалмонони садри аввали ислом аз саҳобаи киром ва тобиъин (р) ба моҳи рамазон эҳтимоми хос медоданд, аз Худованд мехостанд, ки онҳоро то моҳи рамазон зинда нигаҳ дорад то ин ки битавонанд ин моҳи пурфайзро руза бигиранд, ва бо қудуми рамазон хушҳол мешуданд, рузҳои онро руза ва шабҳояшро бо намози шаб ва тиловати Қуръон зинда нигаҳ медоштанд, ва дар ин моҳ бо анҷоми анвоъи ибодатҳо нафси худро покиза ва пок менамуданд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Хоҳари муъмин ва мусалмон! Занони сабур ва шуҷоъи меҳанамон! Ононе, ки бо имон ва фидокорӣ дар муқобили мушкилот истодаанд! Имруз душманони қасамхурдаи ислом сарсахтона мекушанд то чодари иффат ва иззати туро аз сарат бардоранд. Зеро онҳо аз ҳиҷоби ту метарсанд ва медонанд, то ҳиҷоби ту ҳаст наметавонанд барномаҳои шуми худро амалӣ созанд. Аммо ин душманон, ки монанди мор ҳар вақт пусти худро иваз мекунанд ором намешинанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки УМАЙР ИБНИ ВАҲБ ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд. Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусалмонон асир гузошт. Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусалмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ўро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа мекард. Ва дар ин бахш қиссаи чигуна ислом овардани ин абарманди торихро бароятон баён мекунем.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Вай дар даврони ҷоҳилият яке аз афроди оддие буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷўҳи таърих қарор намегирифт. Вале дини зиндагисози Ислом ба вай чунон шахсият бахшид, ки таърих аз шахсияти вай ҳамеша бо бузурги ёд хоҳад кард, чунки вай бо ду тан аз императорони бузурги он вақт, Қайсар ва Кисро мулоқот намуда ва бо ҳар яке аз он ду достони шунидани дорад, ки ҷараёни онро барои хонандагон тақдим медорем.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Ҳувайдо Абдуллоҳ

    Нависандаи ин мақола дар бораи баъзе аз корҳои ширк ва чигуна мардум ба он гирифтор мешаванд сухбат мекунад. Ва дар бораи Имон ва Ислом сухан мегуяд ва мефаҳмонад ки ислом аз ин корҳои ширки дур ва бариъ мебошад, ва мардумро даъват мекунад ки ба қурону суннат чанг бизанан.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Зоҳири ДАВЛАТ

    Дар ин мақола дар бораи зиндагии яке аз саҳобагони киром, пеш аз ислом оварданаш ва то ислом оварданаш ва хизматҳое ки он саҳоба дар ислом кардааст баён мекунад. Ва он саҳоба форс буд ки ба номи Салмони Форси дар торих зикр шудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Чанде нагузашта буд, ки шахсиятҳои саршинос аз аҳли Ҳимс ба қасди дидор ва мулоқот бо халифа, равонаи Мадина гардиданд ва чун бо халифа дидорашон ҳосил гашт, барояшон гуфт: Номҳои ниёзмандон ва муҳтоҷонатонро ба ман бидиҳед, то ҳоҷаташонро бароварда созам. Ишон амри ўро ба ҷо оварда номҳои ишонро, ки дар он ҷумла номи Саъид ибни Омир низ дар он шомил буд, ба ў тақдим карданд. Халифа аз дидани номи Саъид дар номгўи фақирҳо дар ҳайрат афтод ва пурсид: - Саъид ибни Омир кист? Ишон дар ҷавоб гуфтанд: Амирамон. Халифа гуфт: Амиратон фақир аст? Гуфтанд: Бале. Қасам ба Худо, рўзҳо бар вай мегузарад ва дуд аз хонааш баланд намешавад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин мақола дар бораи аҷру савобе ки Худованд ба мураббии духтарон ваъда додааст баён мекунад монанди ин ҳадис. Муҳаммад (с) фармуданд: «Ҳар касе аз уммати ман се духтар ё се хоҳарро дар тарбияи худ гирифта, ба онҳо некӣ бикунад, онҳо барои ӯ аз оташи дӯзах пардае мешаванд».

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин мақола дар бораи чаҳор чизе суҳбат мекунад ки он чаҳор чиз аз хушбахтии ва саодати инсон мебошад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ҳангоме, ки дар бораи ислом ба Қуръон ва сураи Муҳаммад бинни Абдуллоҳ муроҷиа кардам, ҷиҳате афкорамро ба худ ҷалб кард. Соддагии ислом ва суҳулати (осони) он. Ақидаи ислом напечидаги дорад ва на мубҳам аст, балки як имони соддае аст, ки аз роҳи ақл ва диққат дар низоми офариниш, барои инсон ҳосил мешавад ва риояти ҳамин ду чиз қатъан одамиро ба офаридагори доно ва тавоно мўъмин месозад. Дар ин мақола дар бораи ислом овардани ин шахсияти бузург ва сабабҳое ки уро маҷбур кард ки исломро қабул бикунад зикр мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Паёмбари Худо фармудааст: "Сухани нек бигу ё хомуш бош" пас оё маънои ҳадис чунин аст ки сухани зиёд гуфтан манъ аст ? Паёмбари Худо дар дигар ҳадис фармудааст: " Ҳар шахсе ки ба Худованд ва рузи қиёмат бовари дорад пас сухани нек бигуяд ё хомуш бошад" Нависандаи ин мақола дар бораи сухани нек ва фоидаҳо он суҳбат мекунад

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ногаҳон хабар мерасад ки фалони фавт кард. Аз Абу Саъиди Худри ривоят аст ки Паёмбар - дуову дуруд бар у бод- мефармуд:" Ҳар гоҳ ҷанозаеро гузоштанд ва ба қабристон омода шуд, мардум онро ба души худ ҳамл мекунанд, агар солиҳ ва неку кор бошадмегуяд: маро ба зуди бибаред, ва агар одами баде бошад ба хонаводааш мегуяд: вой бар у куҷояш мебаред? Чи азобе дар интизори уст! Садои ин фарёдро бр ҷуз инсон ҳама чиз мешунавад, агар инсон онро бишнавад беҳуш хоҳад шуд, ва баъд аз марг ба инсон чи чизҳо барояш мемонад. Нависандаи ин мақола дар бораи марг ва азоби он саҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда дар ин мақола як чанд соаволеро матраҳ кардааст ва ба онҳо ҷавоб додааст ки : • Чаро «Қуръон»-у «Инҷил» хӯрдани гӯшти хукро манъ кардаанд? • Олимони ҳангомаҷӯйи америкоӣ чӣ мегӯянд? • Зукоми хук ба мо ҳам таҳдид мекунад? • «Ватан»-и зуком куҷост? • Вазъият дар «хона»-и зуком чӣ гуна аст? • Мо бояд чӣ кор кунем? Ва ба ин саволҳо бо таври возеҳ ва пурра ҷавоб додаастю Нависанда : Ҳотами ҲОМИД Нашриёт : Чархи Гардун

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Оё медонед заноне ки зинати худро нишон медиҳанд ва худнамои мекунанд ва бад ҳиҷоб ҳастанд чи гуноҳе доранд? Нависанда дар ин мақолааш чигуна занҳо метавонанд аз азоби дузах худро наҷот бидиҳанд суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ҳадисе ки имом Аҳмад ривоят кардааст, Анас ибни Молик мегуяд: Рузе назди Паёмбари Худо нишаста будем, он ҳазрат фармуд :" Акнун аз ин ноҳия марде аз аҳли биҳишт меояд" Нависанда дар бораи амалҳое суҳбат мекунад ки дар назди мардум назарнорасанд локин ин амалҳо сабаби дохилшавии чаннат мебошанд

  • Тоҷикӣ